Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Наврӯз Қаландаров,
дотсенти ДДМ
Угулой Ҳамидова,
омӯзгори МТМУ №92, ш. Душанбе

МУҲАҚҚИҚЕ АЗ МАКТАБИ
ИЛМИИ ТАБАРОВ

Яке аз донишмандони шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АМИТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон устод Аламхон Кӯҷарзода дар арафаи ҷашни 75-умин баҳори умри муборак рӯ ба рӯ буда, бо иқтидори бузурги зеҳнӣ чун ҳарвақта фаъолият доранд. Умри мубораке, ки ҳар сонияву дақиқааш бо заҳматпешагии хос сарфи хома гашта, хомҳоро пухта гардондааст. Исботи воқеии ин гуфтаро пешниҳоди хонанда гардидани қариб 470 асару мақолаҳои илмиву таълимӣ, ба чоп омада кардани матнҳои илмии осори донишмандони гуногундавра, теъдоди зиёди асарҳои таҳрирнамуда, теъдоди муайяни тарҷумаҳо, дастуру барномаҳои таълимӣ, маҷмӯаи шеърҳо ва маърӯзаву гузоришҳои пурмуҳтавою дорои қимати баланди илмии устод Аламхон Кӯҷарзода муайян месозанд.
Аслан шахсияти устод Кӯҷарзода ба муаррифӣ ниёз надорад, чунки ҳама ин маҳсули илмиву маънавӣ, ки ба ташаккули зеҳнии аҳли адаб созгор омадаву дар ҳаллу фасли муаммоҳои масоили касбӣ эътироф шудаанд, муаррифгари устоданд. Аз ҷониби дигар, мақому манзалати инсонӣ, услуби таҳқиқу нигорандагии устод Кӯҷарзода борҳо аз тарафи олимону донишмандон ва мухлисону иродатмандон дар рӯзномаву маҷаллаҳои даврии кишвар инъикоси худро ёфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки устод Кӯҷарзода ҳамчун муҳаққиқи
пухтакору масъулиятшинос таълимдидаи мактаби илмии
адабиётшиноси маъруфи тоҷик Соҳиб Шуҳратиевич Табаров
маҳсуб меёбанд. Мавсуф ҳанӯз ҳангоми донишҷӯи шуъбаи
филологияи тоҷики факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (солҳои 1964-1969) бо доштани

пешина
аз 226
навбатӣ