Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гардида, масъалаи ба чоп ҳозир намудани матни илмии қисса пеш меояд. Бо ҳамин матни илмии ин асар соли 1992 бо унвони “Садриддин Айнӣ. Одина”. Бо тадқиқу тасҳеҳ ва тавзеҳоти Аламхон Кӯчаров (Душанбе: Дониш, 1992. - 204 с.) аз чоп мебарояд.

Маълум аст, ки таърихи матншиносии адабиёти форсу тоҷик қадимӣ буда, аз ҷониби муҳаққиқону мутахассисони соҳа вазифаҳо, мушкилоту муаммо ва объекти омӯзиши он воста ба дарку фаҳмиши онҳо бо назардошти шароитҳои марҳилавӣ маънидод мегардид. Аслан истилоҳи матншиносӣ (текстология) дар ибтидои асри бист дар адабиётшиносии рус пайдо шудааст. Ба таъкиди матншинос Б.Эйхенбаум: “Дар корварзии тоинқилоби худ истилоҳи “матншиносӣ” вуҷуд надошт: то соли 1917 истилоҳи чунин илм набуд” (8, 5-22). Ба андешаи бисёр матншиносон, аз ҷумла устод А. Кӯҷарзода, истилоҳи “текстология” бори аввал соли 1922 дар “Сухани нав оид ба Пушкин” ном мақолаи олими намоёни рус Б.В.Томашевский истифода шудааст (2, 8).

То ин вақт ин соҳаи илм дар адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ ва дар адабиётшиносии русу Аврупо бо истилоҳи нақди матн ном бурда мешуд ва вазифаи он дар асоси муқоисаи матнҳои дастрас ба вуҷуд овардани матни саҳеҳу интиқодии осори бадеию таърихӣ иборат буд: “Ҳама илми нақди матн, - қайд кардааст Г.Пос, - иборат аз он аст, ки аз матне, ки даъвии аслият мекунад, матни ростин, қонунӣ, аслӣ бисозад” (4, 25).

Аксари матншиносони ҷаҳон то солҳои 50-уми асри бист вазифаи асосии матншиносиро фақат аз баррасӣ намудани қоидаву дастурҳои махсус оид ба фароҳам овардани матни саҳеҳу интиқодӣ иборат медонистанд, ки чунин тасаввуроти маҳдуд матншиносиро аз кори адабиётшиносӣ ҷудо намуда, ҳатто ба ҳам муқобил мегузорад. Бо мурури вақт муҳаққиқон нисбат ба бахши матншиносӣ бо диди нав такя карда, шурӯъ аз нимаи солҳои 50-ум олимони барҷастаи рус дар мисоли

пешина
аз 226
навбатӣ