Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Д.С. Лихачев ва В.В. Виноградов андеша баён карданд, ки матншиносӣ фақат аз муқоисаи далелҳо барои чопи матн иборат буда наметавонад, балки ба адабиётшиносӣ ва масъалаҳои умдаи он алоқаи қавӣ дорад. Яъне, матншиносӣ ҳамчун соҳаи филология ва таҳлили танқидии матн дар заминаи фаҳмиши он мебошад. Бо ҳамин назардошт мафҳуми асосии матншиносӣ таърихи матн дониста шудааст, ки он матнҳои асарро дар ҳаракат ва такомулу таҳаввул меомӯзад.
Сухан дар бораи он меравад, ки устод Кӯҷарзода то таълифи аввалин монографияи хеш назарияи адабиётшиносӣ ва илмҳои ба он алоқамандро вобаста ба марҳилаҳои гуногуни таърихӣ дар таҳаввулот ба таври бунёдӣ мавриди омӯзиш қарор дода, маълумоти фаровоне ба даст овардаанд. Дигар ин ки ҷараёни таҳқиқи рисола (1972-1982) устод Кӯҷарзода ба бойгонии устод С. Айнӣ оварда, ба коргоҳи эҷодии нависанда ошно намуд. Номбурда дар баробари дастрас намудани маводи барои таҳқиқоташ лозимӣ ба фаъолияти матншиносии устод С. Айнӣ, ки таърихи пешазинкилобӣ дорад, дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷуда пурра шинос шуданд. Ба таъкиди М.Н. Османов: “Барои илми матншиносӣ дастурҳо ва асарҳои асосгузори адабиёти советии тоҷик С. Айнӣ, ки матни асарҳои як қатор классиконро ба чоп тайёр карда ба табъ расондааст, аҳамияти калон дорад“ (5, 27).
Инчунин, устод А.Кӯҷарзода ба дақиқназарӣ, дониши фарох ва таҷрибаи бойи устодаш С.Ш.Табаров такя намуда, изҳори нигаронӣ кардани мавсуфро роҷеъ ба риоя нагардидани қоидаҳои матншиносӣ ҳангоми ба чоп ҳозиркунии осори адибони давраи нав ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур накарда, барои сар назадани чунин ҳолат аз рӯи виҷдон амал намудаанд. Азбаски то солҳои 50-уми асри гузашта матншиносон таҳқиқоти нусхаҳо ва таҳияи матни осори адибони давраи навро зарур намедонистанд, устод Кӯҷарзода қайд менамоянд, ки Табаров С.Ш. дар байни адабиётшиносони Иттиҳоди Шӯравӣ аз аввалин олимоне мебошад, ки дар асоси

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо