Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
омӯзиши ҷиддии илмӣ ба чоп ҳозир кардани асарҳои адибони давраи навро ба миён мегузорад. “Устод ҳанӯз соли 1962 ба масъалаи чопи осори адибони садаи бист таваҷҷуҳ зоҳир намуда, камбудии матни маҷмӯаҳои шоирони мутаваффо М.Сарвар, Н.Шанбезода ва Б.Азизиро дар он медонад, ки “дар ҳеҷ яке аз ин ду маҷмӯаи номбаршуда (“Ашъори мунтахаб”-и М.Сарвар ва “Шеърҳо”-и Н.Шанбезода) ба қоидаҳои одитарини ба чоп ҳозир кардани осори нависандагони советӣ ва қонунҳои илми матншиносӣ риоя нашудааст” (6, 161).
Тарзу усул, равиш, муқоиса ва муҳокимаронӣ ҳам дар аввалин монографияи устод “Тадқиқи текстологии “Одина” - С.Айнӣ” ва махсусан матни илмии қисса “Садриддин Айнӣ. Одина”, ки дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳо, далелу бурҳон, мусоҳибаҳо, мукотиботи адибон, нусхаҳои қаламӣ, рӯзномавию маҷаллавӣ, нусхаҳои китобӣ ва коргоҳи эҷодии муаллиф, инчунин дар заминаи донишу таҷрибаи қавии андӯхташуда чоп шуданд, собитгари он аст, ки устод Кӯчарзода андешаҳои дар боло зикршударо зерсутуни таҳқиқот қарор дода, ба ҳама ҷузъиёти илми матншиносӣ риоя намудаанд. Маҳз аввалин тадқиқот агар устодро ба аҳли илм, махсусан мухассисони соҳа муаррифӣ карда, умедвории устодаш С.Ш.Табаровро ҳамчун мутахассиси барҷастаи ояндадор зиёда гардонда бошад, аз ҷониби дигар, худи устодро ба шоҳроҳи илм бо қадамҳои устувору диди тоза раҳнамун сохт.
Ҳамин тавр, устод Кӯчарзода фаъолияти матншиносии худро ривоҷу равнақ бахшида, дар давраҳои гуногун мақолаҳои зиёду арзишманди соҳавӣ, аз ҷумла “Заново?”, “Ду таҳрири “Камони Рустам”, “Матншинос”, “Сарчашмаи муътамад”, “Муносибати Айнӣ ба танқиди адабӣ”, “Матншиносӣ”, “Дар коргоҳи эҷодии устод Айнӣ”, “Принсипҳои ба чопи илмӣ тайёр кардани повести “Одина”, “Қиссаи “Марги судхӯр”, “Мусаввада — маъхази муҳим”, “Се таҳрири достони “Парии бахт”, “Ду таҳрири як образ”, “Санагузории осори Айнӣ” ва ғайраро оид ба хусусиятҳои мундариҷавию бадеӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо