Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
услубию забонӣ, ғоявию ҳунарии осори адибон ва дигар масъалаҳои матншиносӣ матраҳ намудаанд.
Заҳматҳои шабонарӯзӣ ва самарабахши устод Кӯҷарзода боиси он мегардад, ки соли 1994 таълифоти навбатияшонро бо номи “Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик” (Душанбе: Маориф, 1994. – 144 с.) ба табъ расонда, қадре ниёзмандии коромӯзону муҳаққиқонро ҷиҳати омӯзиши масъалаҳои матншиносӣ бартараф намояд. Зеро ин мавод бо махсусияти таҳлиливу масъалагузорӣ вобаста ба вақту замон ба хонанда аз лиҳози назарӣ маълумоти фаровону судмандро арзонӣ дошта, айни ҳол ҳамчун яке аз беҳтарин васоити таълимӣ дониста мешавад.
Китоб аз се фасл бо ғунҷоиши 14 зерфасл ва феҳристу мундариҷа иборат мебошад. Дар зерфасли якуми фасли якум бо унвони “Матншиносӣ ва мавқеи он дар адабиёти муосири тоҷик” ақидаву таҳлилҳои устод Кӯҷарзода ба таърихи фаъолияти матншиносии марҳилаҳои тоисломӣ, асримиёнагӣ, тоинқилобӣ, баъдиинқилобӣ ва давраи нав бо фарогирӣ ва таъсирпазирии шароитҳои таърихӣ – вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҷараёни таҳаввулу ташаккули илми матншиносӣ ва саҳми олимону донишмандон ва хушнависон ҷиҳати ба вуҷуд овардани матнҳои комили ёдгориҳои ахлоқию фалсафии аҷдодӣ, осори адибони давраҳои дар боло зикршуда бо мисолҳои дақиқ баён ёфтаанд.
Дар зерфасли дуюми фасли аввал - “Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти матншиносии устод Айнӣ” муаллиф бо истифода аз таҷрибаи ғанӣ ва доштани маълумоти фаровон тавассути таҳқиқоти пешин оғози давраи нави матншиносии адабиёти тоинқилобии тоҷикро бо назардошти тавлиди нусхаи комили “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш бо номи С.Айнӣ пайванд медиҳанд. Оид ба хизматҳои ҷонқоҳонаву заргаронаи баъдиинқилобии устод С.Айнӣ барои ба чоп ҳозир намудани “Намунаи адабиёти тоҷик”, “Бӯстон”-и Саъдӣ, “Хамса”-и Алишери Навоӣ, “Бадоеъ-ул-вақоеъ”-и Зайниддин Маҳмуди

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо