Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Восифӣ, намунаҳои эҷодиёти Рӯдакӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Бедил ва ғайра дахл намуда, андешаҳои арзишманди устодро доир ба танқиди матни классикон бо далелҳои муътамади илмӣ шарҳу эзоҳ дода асоснок менамоянд.
Фасли дуюми китоб “Дар коргоҳи эҷодии С.Айнӣ” ном дошта, аз ҳашт зерфасле, ки дар асоси ҳамин коргоҳ аз ҷониби муҳаққиқ арзи ҳастӣ намуданд, иборат аст. Дар зерфасли аввал бо унвони “Мусаввада – маъхази муҳим” таваҷҷуҳи А.Кӯҷарзода ба 20 варақи дар қабати рӯзномае маҳфузбуда (таҳти №19), ки бо қалами устод С.Айнӣ “Мусаввадаи шеърҳои дар романи “Ғуломон” дохилшуда” навишта шудааст, равона мегардад. Муҳаққиқ, пеш аз ҳама, моҳияти истифодаи порчаҳои шеъриро дар романи “Ғуломон“, ки ба муайян намудани баъзе лаҳзаҳои мундариҷавии асар таъсирпазиранд, амиқ дарк сохта, зарурати омӯзишу таҳқиқи онҳоро қатъӣ меҳисобад. Дар ин лаҳза ёдовар мешавем, ки устод С.Айнӣ на танҳо дар романи “Ғуломон“, балки дар ҳамаи матнҳои тоҷикии асарҳои насрии хеш аз зарбулмасалу мақол ва махсусан порчаҳои шеърӣ фаровон истифода намудаанд. Ва сабаби инро низ дар сарсухани тоҷикии қиссаи “Қамар”-и Фердинанд Дюшен чунин шарҳ доданд: “Завки хонандагони тоҷикро, ки назмро зиёда дӯст медоранд, ба назар гирифта баъзе тасвирҳо бо порчаҳои шеър ва фикраҳои шеърмонанд зенат дода шуд” (1, 365). Устод А.Кӯҷарзода услуб ва хусусиятҳои эҷодкории устод С.Айниро дар таҳқиқи шеърҳои дар романи “Ғуломон” истифодашуда ба инобат гирифта, таърихи эҷод, ихтисору иловаҳо ва таҳрироти пайдарпайи онҳоро вобаста ба мазмуни матн ва фазои таърихӣ корбаст карда, дар муайян намудани иродаи эҷодии муаллиф дастболо мешаванд.
Ҳафт зерфасли боқимондаи фасли дуюми китоб коркарди чандинсолаи устод Кӯҷарзода дар фаъолияти матншиносӣ мебошанд, ки аз таърихи эҷод ва таҳаввулоти осори устод С.Айнӣ дар мисоли романи “Дохунда”, қиссаи

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо