Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

“Марги судхӯр”, “Одина” ва Куллиёти ашъор ҷамъоварӣ ва номгузорӣ шудаанд. Фақат оид ба зерфасли шашум “Андешаҳо оид ба тарҷумаи русии “Одина” гуфтан зарур аст, ки устод Кӯҷарзода меҳнати зиёд ба харҷ дода, оид ба таърихи тарҷумаи қиссаи мавриди назар маълумоти равшан медиҳанд. Аввал ин ки нашрҳои ба забони русӣ тарҷумашудаи қиссаро дар тарҷумаи П.П.Введенский соли 1929 (ду маротиба) ва дар тарҷумаи З.Хатсревин солҳои 1930, 1931, 1946, 1949, 1951, 1960, 1973 (ичунин дар маҷмӯа ва китобҳои алоҳида) дар асоси андешаҳои норозиёнаи устод С.Айнӣ ва муқоисаи матни ба дастомада ва чопи тоҷикӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, таҳрифот ва нуқсонҳои зиёдро ошкор месозанд. Махсусан, зиёда ихтисор шудани порчаҳои шеърӣ, ки ба диди эстетикии тасвир ва заиф гардидани алоқаи мантиқии мазмуну мундариҷаи асар сабаб гардидаанд, аз ҷониби устод мӯшикофона маънидод мешаванд. Аз тарафи дигар, устод Кӯҷарзода барои чунин муносибат назди адабиётшиносон ҷиҳати ҳаматарафа омӯхтани таърихи тарҷумаи адабиёти бадеӣ ва муайян сохтани дараҷаи сифати онҳо дилсӯзона масъалагузорӣ менамоянд.

Фасли сеюми китоб - “Кори наку кардан аз пур кардан аст” давоми мантиқии корҳои тадқиқотии устод Кӯҷарзода буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки муҳаққиқ аз махсусияти фаъолияти матншиносии фардӣ ва умумӣ муносибат кардаанд. Яъне дар фасли сеюм бо истифода аз ҳамин таҷриба таҳқиқоти таъриху таҳаввули осори адибони гуногунзавки адабиёти муосир дар мисоли достони “Ҳасани аробакаш”-и М.Турсунзода, романи “Шӯроб”-и Р.Ҷалил, достони “Сурӯши Сталинград”-и М.Қаноат ва повести “Камони Рустам”-и С.Турсун сурат гирифтааст.

Бо ҳамин, устод Кӯҷарзода фаъолияташонро бо суръат идома дода, соли 1997 рисолаи докториашонро дар мавзӯи “Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои насри С.Айнӣ” ҳимоя намуданд. Қайд менамоем, ки

пешина
аз 226
навбатӣ