Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Мо ба куҷо меравем? — пурсид Пӯлод ва ба модари саросемаву асабонияш нигарист, ки аз дасташ ҳама чиз меафтид то аз чувол боигарин латтапечи худро баровард.
— Ба он ҷо! Зудтар либосҳоятро пӯш... — Дигар дастонаш бефара шуданду ба ҷояш иншаста тайёр буд, ки ҳамоно гиря кунад. — Худоё, ин чӣ зиндагонӣ аст... Пӯлодҷон, ҳоло ба шӯрои деҳа меравем... ҳамин хел лозим шудааст. Ману падарат... ту мебинӣ-ку, миёни ману падарат носозист. Ҳарқадар ки бараш гуфтам... ӯ бошад... Мебинӣ ӯ чӣ одам аст. Мо дигар бо ӯ зиста наметавонем. Мо Пӯлодҷон... мо ҷудо мешавем — Модар дигар ба ӯ наменигарист, дастомаш пайваста латтахҳон аз чувол баровардаро ба ҳам меовард.— Ту акнун калон шудаӣ, ту бояд ҳамаро фаҳмӣ. Агар чунин бошад бигузор ӯ танҳо зиндагӣ кунад. Мо бе ӯ зистему зиндагӣ хоҳем кард...
Пӯлод хомӯш буд, зеро ин ҳама чун пештара барояш муаммо буд...
Читур — бе падар зистан? Маълум мешавад, ки падар боз азми сафаре дорад? Ва дигар Пӯлод ӯро нахоҳад дид? Пас чаро ин ҳама... чаро, чаро?.. Дар оилаҳои дигар ҳам ҷанҷол мешаваду баҳс мекунанд, аммо бо ҳам зиндагӣ мекунанду касе ҷудогиро намегузинад... Ӯ чизеро нафаҳмиду ҳамоно хомӯш буд. Хайр чӣ, ӯ аз модараш асрори ин корро чигуна хоҳад пурсид, вақте ки модар асабонӣву чашмонашро ба рӯи ӯ кушода наметавонад?
— Мо, бачам, аз ин ҷо меравем... вале ӯ бигзор ин ҷо зиндагӣ кунад. Бигзор. Мо ба деҳаи дигар меравем, он ҷо ҳамааш хуб мешавад...
— Ба деҳаи дигар? Чаро?
— Шумо ҷанҷол намекардед, — гуфт ӯ дар охир ва дигар ба онҳо чӣ гуфтанашро надонист. Ӯ фақат медонист, ки агар миёни ишон ҷанҷоле намебуд пас ҳамааш хуб мешуд.
— Пӯлод,... — ошуфтаҳолона гуфт модар ва бо нигоҳи имдоталабона ба ӯ нигарист. — Не, бачам, мо ба хулосае омадем, дигар қафо намегардем. Меравем. Ва... ва падари ту дигар кас хоҳад шуд. Ва бародар ҳам дорӣ, ҳамсоли худат. Фақат ту дар ин бора ба касе даҳон накушо, хуб? Намегӯӣ, фаҳмидӣ? На ба падарату... ба ҳеҷ кас. Пӯш, ки меравем. Дар он ҷо шояд интизоранд, вале мо... Дер мемонем боз. — Ва рафтанд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё