Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Набот-оча аз паси муллои бо ҳуҷраи шафат даромада ба уммед нигоҳ карда монд. «Худоҷон, кош тумораш кора кунад, меандешид вай. Душвор будааст ба падару модароне, ки зиндагии оилавии фарзандонашон барор намегирад. Шояд ҳам бошанд ин гуна оилаҳо, вале вақте ки ягона писарат бо занаш чун сагу гурба зиндагӣ мекунад, намедонӣ чӣ кор кунӣ, сару сомони кору рӯзгоратро гум мекунӣ. Ки медонад, шояд солҳои дарозе яккаву танҳо хӯфта Раҷаб ба безанӣ одат карда бошад, ё шояд гапи ҳамқишлоқиҳо дуруст аст — хуни бисёро дида батамом сангдил шуда рафтааст. Дар номи бузурагат чонам худо, аз ин балон нобаҳангом наҷотам бидеҳ! Бандаи осинатро дар дами пирӣ ин қадар азоб мадеҳ! Дар умри дида ба касе бадӣ нахоста ва бадӣ ҳам накардаам. Бо шоду ғами мардум шарикам. Даргоҳат васеъ ва лутфат беҳад аст, парвардигор. Яккаву ягона писарамро аз доми оташбори аждаҳои ҷанг бегазанд бароварда ба дастам супурдӣ. Аҷаб нест, ин саргардонӣ ҳам як навъ имтиҳони мо бандаҳои гандаат аст, то аз худ наравем... Наҳод ки аз худ рафта бошем? Не! Шукр мекунем, ба ҳама фармудаҳоят шукр! Медонам, ранҷу азобро ҳам танҳо ба бандаҳои худат раво медорӣ. Ин бор ҳам ранҷ мебарем. Аммо аз даргоҳат умеди зиёд дорем. Худо худат меҳрубонӣ, дарди додаатро шифо бахш. Тӯмор иншооллоҳ даво мебахшад. Мулло Расул даму нафаси по дорад, фақат кори худоро мекунад, дуояш бояд мустаҷоб шавад...»

Мулло аз хона бо қоғази рангпаридаю чиркини чор қатшуда баромад.

— Ин тӯмор, бениҳоят зӯр аст. Онро номаълум дар кӯлоҳи писарат медӯзӣ. Албатта, ин корро мекунӣ, — вай аз болои кӯрпачаи раҳ-раҳаш гузашта нишасту гапашро идома дод: — Хайрият, ки дар вақташ омадӣ, Набот. Китоб нишон медиҳад, ки вазъияматон хавфнок. Ҳа, он қадар хуб не. Анҷомаш хуб мешавад, иншооллоҳ тӯмор мадад мекунад. Андаке нагузашта наберадор ҳам мешавӣ. Боз аз хурсанӣ маро фаромӯш накунӣ, ҳакамро фирист, — гуфт Мулло Расул бӯғчаи овардаи Набот-очаро зери болишт пинҳон кард.

Кӯҳи гарони андӯҳ гӯё аз дӯши Набот-оча афтод.

— Як бӯғча чӣ аст, — бо овози баланд гуфт ӯ, — агар наберадор шавам, садтоаш фидои саратон. То зиндаам дуои ҷонатонро мекунам.

пешина
аз 328
навбатӣ