Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
«Нон бояд наву рафиқ қадима бошад» — мегӯяд ҳикмати халқ. Рафиқони давраи кӯдакии Раҷабу Еламан дер боз якдигарро надида буданду баробари вохӯрӣ бародарвор бо ҳам оғӯш кушоданд. Ин дидори барои Раҷаб ногаҳонӣ бо ташаббуси Еламон, ки бародарашро барои даъвати вай фиристода буд, рух дод.
Раҷаб даъватро хуш пазируфт, ки сӯҳбати мардонаро муштоқ шудааст. Ин лаҳза фикре ба сараш зад: дар масъалаи Ойя низ бо Еламон гуфтугӯ мекунад. Охир онҳо рафиқони қадимаанд, дарди дилашро ба вай нагуфта ба кӣ гӯяд. Вай боз аз он ҷиҳат хушҳол буд, ки берун ба хона наомадану чеҳраҳои ғамноки модару занашро надидан сабаб ёфт шуд.
На танҳо Еламан ҳатто модари пиру бародар ва ҳамсараш ба истиқболи Раҷаб ба кӯча баромаданд. Кампир Раҷабро чун фарзандаш гарм оғӯш кард:
— Эҳ, писараки азизи ман! — бӯсид ӯро вай. — Гашти ватан муборак! Туро дуову илтиҷои Наботу Ойяҷон нигоҳ дошт.
— Шояд, шояд, — бо шунидани номи Ойя бесаранҷом шуд Раҷабу кӯтоҳ ҷавоб додан гирифт.
Аммо кампири аз китфи ӯ маҳкам дошта фикри раҳо карданашро ҳам надошт:
— Ману Набот офтоби лаби кӯҳ шудаст. Кӣ медонад боз чӣ қадар умр мебинем. Туро зиндаву саломат пешвоз гирифтем, шуд. Акнун мирем ҳам беормонем. Ойя ҳам келини хушбахту бо пою қадам будааст. Ба хонаи шумо бахту саодат овард. Ин хел келин кам пайдо мешавад. Тилло аст, вай, тилло!
Пиразан гуфторашро давом дод, аммо ҳарфҳояш дигар ба гӯши Раҷаб намедаромаданд. «Ҳа, муҳаббати Ойя маро нигоҳ дошт, аммо чӣ рӯзи хуше аз зинда мондани ман мебинад ӯ, ба ҷуз ғамӯ рехтани ашки ҳасрат...» аз дил мегузаронд вай ҳангоми аз паси рафиқаш ба хона ворид шудан.
Хонаи холии, ки қаблан Раҷаб хуб медонист, ӯро ба ҳайрат овард. Аз чор қолини зебои туркмании дар девор овехташуда яктояш, аз ҳама майда, кӯҳнаю фарсудааш боқӣ монда буд. Намадҳош болои ҳам қабат ба қабат партофташуда низ хеле кам ба назар мерасиданд. Ҷанг ба ин хонадон харобии зиёде овард, ҳарчанд ки Еламон зуд аз ҷанг баргашт. Вай бо шуши захмдор,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё