Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
маҷрӯҳ баргашт ва то ҳанӯз азоби беморӣ мекашаду ба зӯр мегардад. Буду шуди хонаро фурӯхта сарфи дорую табобаташ карданд. Бечора ҳанӯз ба рӯяш ранги сурх надамидааст. Чӯбу устухон. Ягона коргару рӯзирасони хона ҳамсари Еламон. Аммо ин зани муштипар дар колҳози баъди ҷангӣ чӣ даромаде гирифта метавонад. Аз хонаи дӯсташ бӯи гуруснагӣ ва сардӣ меомад. Инро Раҷаб бо нигоҳи аввал ба дастархон дарк кард.
Рӯи дастархони кӯҳна, вале тозаи чоркунҷа табақи калону вазнини чӯбин меистод. Дохилаш аз моси зардранг пур буду рӯи он ҷо-ҷо равған мавҷ мезад. Еламон ҷумчаи калонро даст гирифта дохили табақ давр занонд, сипас як-ду навбат ба косаи меҳмон рехт. Ва узрхоҳона бо табассум ба Раҷаб рӯ овард:
— Доронамон ҳамин. Ту ку одами худӣ. Алҳол хӯроки ҳама ҳамин шӯрбои сталинӣ аст ва пас аз андаке таваккуф илова кард: — Агар ҳосил нағз шавад насиб бошад тирамоҳ шӯрбои ғафстар мехӯрем...
Камрӯғанию бегӯштии шӯрбо ҳарчанд ки дар хонаашон аз он беҳтару бомазатарашро мехӯрад, Раҷабро мутаҳайир накард, ҳайраташ аз он буд, ки чаро Еламон шӯрборо чӯбин ном гирифт.
— Барои чӣ сталинӣ — пурсид вай.
— Э-э, ту магар намедонӣ? — ба табақ ишора карда гуфт ӯ, — ҳамин хел ҳалилобаро одамон шӯрбои сталинӣ мегӯянд.
— Барои чӣ охир?
— Ман аз куҷо медонам! Мумкин барои оби рабанно буданаш. Ҳар чӣ ҳам набошад ин шӯрбои зардолуқӯқ ҷони одамонро харид. Агар ҳамин ҳам намебуд намедонам чӣ кор мекардем. Исто, исто, — гуфт бо нохост Еламон ва аз ҷой бархоста аз ҷевон шишаи арақаш нимхӯрдаро баровард.
— Еламон, ту ҳам мазан ин нӯшокиро чашидай? — пурсид Раҷаб. Еламон дар ҷавоб табассум кард.
— Ба муносибати иди Ғалаба харида будем, бо Итасмаз нимашро нӯшидем. Аз хурсандӣ. Инаш насиби ту будааст. Чанд сол боз якдигарро надидаем. Пас аз ҷанг вохӯрдан...
Сӯҳбаташон сари он дастархон тасфид. Кӯдакӣ, давраи мактабхониву шӯхиҳояшонро рӯзҳои аввали оғози ҷанг, захмдоршавии Еламон (аз маъюбии худаш Раҷаб лаб накушод) ба ёд оварданд. Аз кору зиндагии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё