Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шавҳараш нашуда думи як нафарро гирифта рафт. Ояи ту чӣ?

Аз ҳарфи гуфтаи Набот-оҷа берун не. Мур гӯяд мемураду... Дар ин панҷ сол мабодо гап нашавад гуфта боре ҳам дар хонаи падару модараш хоб нарафт. Агар дар ҷанг ту қурбон ҳам ки мешудӣ Оя аз хонаатон намерафт. Ман зиндагӣ ва рафтору одобашро ҳам дидаам. Ба худо қасам ҳам мехӯрам ин гуна занро дар рӯзи равшан бо чароғ ҳам кобӣ намеёбӣ. Дӯстона мегӯямат, ки дурусттар фикратро кун. Агар аз Оя ҷудо шавӣ касе дар деҳа туро эҳтиром нахоҳад кард. Ҳама бадат хоҳанд дид. Ва душмани нахустинат худам мешавам. Ту Ояро дӯст дошта гирифтӣ касе маҷбурат накардааст...

Суханони Елеманро Раҷаб гоҳ мешуниду гоҳи дигар не. Гӯш мекарду банди андешаҳои худ буд. «Дуруст мегӯӣ, Елеман, — меандешид Раҷаб, — агар аз Оя ҷудо шавам аҳли деҳ аз ман эътиқод хоҳанд бурид. Ту ҳам маро бад хоҳӣ дид. Дуруст мегӯӣ. Воқеан ҳам ман занамро дӯст дошта гирифтам. Сифатҳои неки ӯро бештар аз ҳама медонам. Маҳз аз ҳамин хотир касе маро нахоҳад бахшид агар бахти сафеди ӯро дар оташи бадбахтии худ сӯзаму ӯро аз саодати модарӣ маҳрум созам. Он вақт гуноҳи ман аз нафрати тую ҳамдеҳаҳо бузургтар мешавад, Елеман. Инро ман медонам, донистани туву аҳли деҳ шарт нест. Гӯй, дашном деҳ ман ту — Елемон! Душвор аст, лекин тоқат мекунам, ҳамаашро мегӯӣ. Ман мефаҳмам ту дӯсти ҳақиқӣ, ташаккур ба ту, Елеман! Душвор аст, лекин тоқат мекунам, ҳамаашро мебардорам, чунки Ояро дӯст медорам, ӯ низ маро. Фаромӯш накардаам, вай маҳз барои ман шуда ба хостгорҳои зиёде, ки бисёрашон аз ман дида беҳтару болотар буданд, ҷавоби рад дод. Вай ҳайаташро ба маҷ бовар кард ва ман ӯро фиреб карда наметавонам. Дашном деҳ, рафиқ. Аз дашномҳои ту барои чӣ бошад, ки дил таскин меёбад. Бароям душвору вазнин аст, вале тоқат мекунам. Эроду маънии туро низ мебардорам. Гӯй, дӯстам, гӯй!»

Суханони Елеман дигар ба гӯши Раҷаб намедарома- данд. Вай вохӯриҳои нахустинашро пеш аз тӯяшон бо Ойа ба ёд меовард.

Волидайни Ойа духтарашонро нияти ба писари ҳам- соя — Даврон додан доштанд, ки чӣ зоҳирану чӣ боти- нан аз Раҷаб монданӣ надошт, ҳатто шояд бартарӣ ҳам

пешина
аз 328
навбатӣ