Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дошт. Даврон ҳам Ойяро дӯст медошт ва падару модараш чанд дафъа ба хонаи ҳамсоя хостгорӣ омада буданд. Падари Ойя мудом баҳона пеш меовард, ки духтарам ҳоло хурд, боз як сол сабр кунед...

Дар мусобиқаи аспдавонӣ дар маркази ноҳия Ойя Раҷабро диду орзую нақшаи волидони худашу Даврон барбод рафтанд.

Ростӣ, ин амал ба иззати нафси ҳамсоягони Даврон сахт расид: духтари зебои аввалашон чунин як ҷавони чор кас медидагиро монда кадом ҷавони бегонаро мегирифтааст. На, онҳо бояд ба ин кор роҳ надиҳанд! Бо ҳамин андеша онҳо ҷои мулоқоти дилдодагонро аниқ карда, қарор доданд, ки адаби Раҷабро дода монанд.
Ва боре Ойяю Раҷаб дар зери чанори азим вохӯрда ҳанӯз салому алейк накарда аз сари телпа як гурӯҳ бачаҳо намоён шуданд. Онҳоро дидан замон Ойя дар ташвиш афтод.

— Раҷаб пинҳон шудан лозим.

Вай ҳайрон ба дилдодааш нигарист.

— Бигузор ба роҳашон рафтан гиранд, ба мо чӣ
кор доранд?

— Не, охир, ту намедонӣ. Онҳо аз ту қасос гирифтанианд, барои он ки ба ин ҷо, назди ман меоӣ. Илтиҷо мекунам, ба онҳо кордор нашав. Аз ин нияти бади онҳо дугонаам огоҳ шуда, маро таъкид карда буд. Оҳ, кошкӣ шарманда нашавам.

Раҷаб маслиҳати Ойяро пазируфт. Аммо ба гурехтан фурсат намонда буд, ҳарчанд ки бачаҳо онҳоро алҳол намедиданд. Аммо аз зери чанор берун шаванд зуд ба чашм меафтоданд. Як роҳ монда буд, ба болои дарахт баромадан ва чунин ҳам карданд. Худро дохили шохҳои пурбарги чанор гирифтанду бачаҳо низ омада расиданд.

— Шарафи деҳаамонро паст мекунад... — ба гӯши
Раҷабу Ойя расид ин овоз.

— Албатта! Айб нест магар, ки як ҷавони бегона биёду дар зери чинори худамон зеботарин духтарамонро оғӯш кунад.

— Ту аз куҷо медонӣ, ки вай ӯро оғӯш мекунад?

— Чӣ, ту гумон дорӣ, ки ҷавону духтар дар торикӣ бӯсу канорро монда ба ҳам менигаранд?

— Эҳ, каний ҳамин ҳоло ба дастамон афтад ин Маҷнун, чунин бобаш кунем, ки дигар қадамашро ба ин тарафҳо намонад!

пешина
аз 328
навбатӣ