Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Фолбин чашмонашро пӯшида дар ҷояш ҷунбидан гирифт ва чизе зери лаб ғур-ғур мекард. Ба утоқ ёрдамчиаш беовоз дохил шуду аз дари дигар Ойа ва Баҳорро берун бурд. Пушти остонаи дар ҳаққи фолбиниро гирифта гум шуд.

Ойа ва Баҳор дар нимароҳи Гоҷук ба худ омаданд. Баҳор бо таассуф сар меҷунбонду ба дугонааш бо дилсӯзӣ нигоҳ мекард. Ойа бошад, ором буд,— ӯ акнун медонист, ки Раҷабро ҷоду кардаанд. Албатта ҷоду кардаанд. Ӯ инро пештар натавонист дарк намояд. Агар ин хел намешуд, Раҷаб оё чунин рафтор мекард? Раҷаб ҷоду шудааст, Раҷаб касал аст ва кӣ ҷуз Ойа метавонад ӯро бо таҳаммулу муҳаббат табобат кунад. «Раҷаб, ту кӯшиши аз дилат берун кардани маро макун. Ҳаргиз туро тарк нахоҳам кард. Ҳатто агар аз ақл бадар шавӣ ҳам, барои ман азизу мӯҳтарам хоҳӣ монд» — дили дӯстдорандаи ӯ чунин садо медод.

11

Он лаҳзаҳо Раҷаб дар соҳили кӯл чарх мезад. Чанд рӯз пештар ба ӯ касе гуфт, ки дар камишзори соҳили кӯл хук пайдо шудааст. Ҳаким-ого ба ӯ фармуд, ки онро парронад. Он гоҷукиҳо ки милтиқи шикорӣ доштанд, бе милтиқ аз хона намебаромаданд. Раҷаб омадани Баҳору бо модар гап задану бо ҳамроҳии Ойа баромада рафтани онҳоро дида буд. Чанде баъд писараки харсаворе давида омада хабар дод, ки хукро бо чашмони худаш пушти чарогоҳи колхозӣ, даруни камишзор дидааст. Раҷаб милтикро гирифту роҳравон мӯзаҳояшро ба по кашида ба ҷониби кӯл рафт. Ҳеҷ нишонае аз хук мушоҳида накард. Камишҳо хомӯшона алвонч мехӯрданд. Дар болои кӯл мавҷи сабуке алвонҷ мехӯрд. Харҷо-харҷо говҳои колхозӣ дохили ҳавзчаҳо истода оромона кафша мекарданд. Дар сояҳои ҷунбандаи буттазори бед чӯпони колхозӣ, ки лақаби «Кал»-ро дошт, истироҳат мекард. Бо дидани Раҷаб ӯ изҳори хурсандӣ кард ва бо шунидани овозаи хуш бисёр ҳам ба ҳайрат афтод.

— Бача-дия, шояд аз тарс дурӯғ гуфта бошад,— гуфт ӯ.— Соате пештар гӯсола дар камишзор дар монд. Доду войро ба роҳ андохт, то ман наҷот додамаш. Шояд бача овози ӯро шунида, давида ба пеши ту рафта

пешина
аз 328
навбатӣ