Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар бораи хук хабар додааст... Не, инҷо ҳеҷ гуна хук набуд.

— Набошад, ҳеҷ гап не, — гуфт Раҷаб. — Меравам. Шояд ягон мурғобӣ сайд кунам. Мурғобиҳо-ку инҷо ҳастанд?

— Ҳе, он тарафтар ба гумонам лона гузоштаанд, — нишон дод Кал ба тарафи ғафсни қамишзор. — Бирав, бикоб.

Раҷаб оҳиста ба тарафи нишондодашуда роҳ гирифт. Оромию хомӯшие ки табиати онҷо бо худ дошт ба ӯ сахт таъсир расонданд. Подабон бо подааш пушти гардишгоҳ аз назар ғоиб шуд. Пайроҳан печон гоҳ байни қамишзор ба об наздик мерафту гоҳ аз об дур мешуд. Ниҳоят ба зери як дарахти пирбеде рафта расид. Замоне буд, ки Раҷаб дар вақти таҳсил китоб дар даст ба зери ин бед давида меомад. Ӯ дар байни навдаҳо он ҷоеро ки ҳамеша менишаст, пайдо намуд. Он ҷойро дигар навдаҳои ҷавонтари бед аллакай қариб аз назар пинҳон карда буданд. Раҷаб таваккуф намуд. Ба гурезгоҳи собиқи худ нигоҳ карду дар паҳлӯи он худро ҷо намуда, милтикро аз китфаш гирифт. Каме зонуҳояшро ба оғӯш гирифта нишасту болои замини салқини меҳрубон дароз кашид. Хеле вақт боз ӯ ин тавр танҳо нашуда буд. Дар бригада дар сари одамон, дар кӯча таҳти наззораи ҳамдеҳагон, дар хона таҳти муоинаву назорати модар ва Ойа қарор мегирифт. Ҳоло ҳис кард, ки чӣ қадар ӯ хастааст. Тамоми сангинии бори танаш оҳиста-оҳиста ба замин хориҷ мешуд. Ӯ садои алвонҷхӯрии қамишҳоро дар шамол, хондани қурбоқаҳо, аз об барон доштани хомӯшак чаҳидани моҳиёнро мешунид. Ба хотир овард, ки ин об моҳӣ дорад ва барои моҳигирӣ омада фикр кард. Фикрхон ӯ танбалона пайдо мешуданду гум мегаштанд, то он ки ӯ ба хоби сахту ороме, ба он хобе ки дар тифлиаш дошту рӯзҳои аввали баъд аз ҷанг баргаштанаш, фурӯ рафта монд. Раҷаб ба таври ногаҳонӣ, гӯё бо фишоре аз ғами Ойа аз хоб бархост.

Оя! Парида аз ҷояш хеста нишаст. Хастагиаш дигар рафъ шуда буд, гӯё ҳеҷ нахобида бошад. Аммо шояд аз он ҷиҳат, ки сахт хобида буд. Оя! Бо ӯ бояд чӣ коре кард, идомаи ин гуна муомила ба хубӣ намеорад. Боз аз нав гап занад? Охир гап зада буданд. Ҳақиқатро бошад, гуфтан мумкин нест. Ӯ албатта мегӯяд:

пешина
аз 328
навбатӣ