Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Кал боэҳтиёт гӯё мори афъиро мегирифта бошад, милтикро бардошту сӯи Раҷаб нигоҳ карда монд.
— Ту натарс. Аз чӣ метарсӣ? Ҳамин тавр дор. Ҳамин тавр. Медонӣ, ҳа, чӣ хел бояд нишон гирифт? Ана ба ҳамин куланғаш зер кунӣ, мепаронад.
Садои тир баланд шуд. Кал бо як фарёде милтикро ба замин афканд. Раҷаб хандид:
— Чӣ тавр ту ба чашми қурбокка мезанӣ?
— Ту чӣ ин қадар ба ман часпида мондӣ? Ман қурбоккаро бо милтики дигар мезанам. Милтики худам кати. Барои ту қурбокка даркор аст?
Раҷаб хандаро бас карду ба Кал назар андохт. Дар нигоҳи ӯ кадом чизи номаълуме буд, ки Кал дар ҳарос афтода пурсид:
— Ту чӣ мехоҳӣ?
— Ман мехоҳам ки ту аз ин милтиқ парронданро ёд гирӣ. Ма, бигир, натарс.
Мӯйсафед бо эҳтиёт, аммо боғайратона милтикро бардошт. Онро давр занонду нигоҳ карду бо каме боварӣ пурсид:
— Ҳайр аст. Бигӯ ки ба куҷо парронам?
Раҷаб бодиққат ба ӯ нигариста, оҳиста ақибро нигоҳе карду оҳиста гуфт:
— Ба сӯи ман. Ана ҳамин хел. — Ва паррон, — ӯ мили онро ба сӯи худ кашид. — Кани зер кун кулангро!
Кал дар ҷояш шах шуда ба Раҷаб менигарист. Баъд садое бароварду милтикро ба як тараф ҳаво дода, гурехт. Ӯ медавид ва дар пойтобаи бозшудааш пешпо мехӯрду дод мезад: «Тавба! Вой! Тавба!»
Раҷаб захрҳандае ё ба ҳолати Кали тарсхӯрда ё ба ҳолати худ карду милтикро бардошт ва аз паси ӯ дод зад:
— Хой, исто! Ман шӯхӣ кардам!
Чӯпон ҳатто фикри истодан намекард, аммо ба пойтобааш пешпо хӯрду афтид. Дар замин гелида ӯ ба сӯи ин шӯхӣкунандаи ғалатӣ бо ҳарос нигариста гуфт:
— Ту бо милтиқ эҳтиёткор бош, Шӯх! — Аз ҷои худ ба по хесту бо ҳозирни ҳар лаҳза гурехтан ба Раҷаби омаданстода нигарист. — Мардум чӣ шӯхиҳое намекунанд? Шӯхиҳои аслро ҳам фаромӯш кардаанд, — мегуфт худ ба худ.
— Майлаш, мӯйсафед, бубахш ки чунин шӯҳии аблаҳона кардам. Фаромӯш кун, майлаш?
Рӯзи дигар овозаи амали Раҷаб тамоми авулро фаро

пешина
аз 328
навбатӣ