Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳей биё мон. Ту он мурғобию хукро чӣ мекунӣ? Гумон доштам, ки ягон мурғобии зиёдатиашро медиҳӣ, дар оташ кабоб карда мехӯрам. Хеле вақт боз мурғобӣ нахӯрдаам, — чашмони Кал барк зада, лабо- наш бо ҳам ҷалаппӣ карда бархӯрданд.

— Биё мон, мӯсафед, — нидо дардод Раҷаб, бо ҳа- сад дар бораи зиндагии бе мушкилоти Кал фикр кар- да, — Оҳ, ин гуна зиндагӣ агар насиби ман мешуд!

Кал дунболай Раҷаб, ки калон-калон қадам мезад меомаду гоҳо пеш мегузашт, гоҳ аз ин паҳлӯ, гоҳ аз паҳлӯи дигари ӯро муонна мекард.

— Эҳ, ин одамон хушин зиндагиро намедонанд, — гуфт ӯ. — Аз гӯшти тозаи мурғобӣ оё чизи беҳтаре ёф- тан мумкин аст. Ту ним рӯз дар он ҷо саргардон шуда чӣ кор кардӣ, агар як мурғобӣ ҳам назада бошӣ? Чи- ро парронди, а? Чаро? Ниҳоят ӯ ақиб монд. Раҷаб ба ақиб нигариста дид, ки чӣ тавр ӯ нишаста чорукашро бароварда меафшонад. Худ ба худ андеша мекард, ки то чӣ дараҷа ин Кал таҳбал аст, ки ҳатто чорукашро ҳам ямоқ намекунад, ангуштонаҳ дар берун бозӣ ме- кунанд. Ва боз ба зиндагии ӯ ҳавас кард, — одам чун алафе сабз мешаваду зиндагӣ дорад. Дар бораи ҳеҷ чиз фикр намекунад. Мехӯрад, мехобад, бо говҳо ме- гардад.

— Бо Ойя чӣ кор кунам? Чӣ? Шояд тарки хона ку- нам, — ногаҳон ба сараш зад.

— Аз хона барояму дигар баргашта наоям. Нагӯям, ки ба куҷо рафтам. Ӯ ҳатто дар ҷояш истод. Аз ин андешаҳо шармаш меомад. Модар-чӣ? Ин амал ӯро мекушад. Бо Ойя гапи дигар, охир Ойя, ӯро мекобаду мунтазир мешавад. Тамоми умр мунтазир хоҳад шуд. Рафтани ӯ аз хона кор нест. Ин боз бадтар аст. Хиё- нат, гурехтан. Мурдан-чӣ?

Ин фикри нобаҳонгом ӯро дубора ба назди Кал овард.

— Ҳӯш кун, мӯсафед, ту аз милтиқ парронда мета- вонӣ.

— Аз милтиқ?

— Ҳа, аз милтиқ.

— Албатта метавонам. Агар хоҳӣ қурбоккаро аз чашмаш мезанам, — таъриф кард ӯ.

— Ин хел, ки бошад, мана ин милтикро гир. Гир, натарс!

пешина
аз 328
навбатӣ