Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Карғаси сиёҳ дар фазои тафсон банд шуда, аз дигарон ақиб монд. Ва акнун байтали аблаки худро камчинзанон, шитоб мекард. Шоҳзода бошад, бо писханд камчинашро бозӣ дононда, расидани франсузро интизор буд. Вале ӯ, ба ҷои он ки чун дигарон бо тавозӯъ назди шоҳзода қарор бигирад, болои тал баромада наистод, пеш гузашта, ба тарафе нигоҳ карда, бо сари баланд ҳашшос кардан гирифт. Гӯё дар ин ҷо ба ӯ чизе дахл надошт, гӯё ин ҷо худаш буду халос. Шоҳзода табассум карда, гуфт:
— Ҷаноб, ту аз афташ байталатро аз ҳад зиёд хӯрондай.
— Шумо ҳакед, — боадабона, вале бе он, ки сахлангории худро ислоҳ кунад, розӣ шуд франсуз, — чӣ хел шуд, ки вай имрӯз дар ҷояш истодан намехоҳад.
— Лачомро сахттар кашидан даркор, ҳеҷ куҷо намеравад, мутеъ мешавад, — шоҳзода акнун табассум карда, дар узангу хест ва ҳамон лаҳза нишасту ба Сиёҳсартип рӯ оварда гуфт:
— Аз дарё, ки дур нарафтаем ин шабро дар ҳамин ҷо мегузаронем. Акнун то худи Қаробурун об нест...
— Зарфҳои холӣ аллакай аз оби Тачан пуранд. — Сиёҳсартип, ки барои яроқу озуқа ҷавобгар буд, ҷуръат пайдо карда, гапи шоҳзодаро бурид.
Лекин дар ин вақт шоҳзода, ки бояд оташин мешуд, бо нигоҳи тезаш дуртар аз тал ду хонача, ду хели баланди дар паҳлуи хоначаҳо намудор, ҳамчунин рамаи гӯсфандонро, ки бо оҳистагӣ аз домони теппаи сабз сӯи хоначаҳо равон буданд, дида, камчинашро он сӯ алвонч дод:
— Чӣ хел мешавад, агар мо равғаннокии гӯсфандони туркманҳоро санҷида бибинем?
Нигоҳи ҳама ба тарафи хоначаҳо равона шуд, овозҳо баланд шуданд:
— Хӯб мешавад!
— Лаббай!
— Суханони оқила, биёед, равғаннокии гӯсфандони туркманиро бисанҷем.
— Ин хел бошад, ҷунбидан даркор! — гуфт шоҳзода ва аспро маҳмез зад. Дигарон аз қафои ӯ шуданд.
Франсуз китф дар ҳам кашида, аспашро аз ҳама охир давонд. Ғазаби шоҳзодаро овардан хатарнок аст. Ин ҷо Теҳрон нест, ки аҳдномаи мӯҳрнок бошаду сафоратхонаи Фаронса. Ва Гулибеф де Блоквил танҳо оҳе

пешина
аз 328
навбатӣ