Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

сӯи Мурғоб рафта манзараи даҳшатнокеро дид. Бовар кардан мушкил буд, ки одам одамро ин қадар азият диҳад. Офтоб бераҳмона месӯзонд, аз сарҳои тарошида ҳоло хун наметаровид, онҳоро пораҳои хуни хушкшуда пӯшонда буд, дар болои захмҳо магасҳои калон-калон ҳаракат мекарданд. Одамони бадбахт илоҷи худ-ро паноҳ кардан надоштанд. Онҳоро чунон сахт баста буданд, ки базӯр меҷунбиданд. Ҳавои атроф аз бӯи то-катфарсо пур буд. Ҳатто аз зери тоскулоҳи аз офтоб ҳифзкунанда Блоквил чӣ хел сӯзондани офтобро ҳис мекард. Дар болои абрӯи ӯ қатраҳои арак ҷамъ шуда, рагҳои хунгарди чакқааш варам карда буданд, ӯ ме-шунид, ки дар онҳо хун чӣ хел метапад. Пас чӣ хо-ҷати гап аст дар бораи ин бадбахтон, ки аз онҳо ниго-ҳашро намеканд?!

Дар аввал ҳамаи онҳо, ки сарҳошонро якхела та-рошида буданд, ба ҳам бисёр монанд тофтанд. Чуқур-тар нигоҳ карда дид, ки яке аз онҳо марди калонсол аст, чор нафар миёнсол, як каси дигар бошад, тамо-ман ҷавон буда, пешонии васеъ ва нигоҳи зудбовар до-рад. Одамони то миён луч хеле вақт буд, ки зери шуои бераҳми офтоб нишаста буданд, лекин дар тани касе қатраи арак набуд: шуоъҳои марговар онҳоро сӯзонда буданд ва ташнагӣ торафт беҳолашон мекард. Лабҳои парсинбастаашонро ҷунбонда, об мехостанд, чашмона-шон гӯё оби Мурғобро, ки даҳ қадам дуртар мавҷзанон мегузашт, дам мекашиданд.

Онҳо одамони пурбардошт буданд. Лекин шуоҳои ҷонсӯзи сӯзанмонанд ба сарҳои луч чунон мехалиданд, ки то хирашавии ақл кам монда буд. Инро Блоквил нағз мефаҳмид. Ӯ даст ба ҷайб бурда, кордро ёфтани шуд. Буридани бандҳо кори дақиқаннае буд ва баъди он Мурғобро гузаранд, аллакай дар назди одамони худ мешуданд.

Лекин ин дам ду навкар дар наздикӣ мегаштанд ва Блоквил эҳсоси худро нигоҳ дошта, ба фикр фурӯ рафт: «Албатта, ман онҳоро озод карда метавонистам, гарчанде ин хатари калоне дорад. Лекин ман ваъда додаам, ки ба ҳеҷ чиз даҳолат накунам ва ин расман дар қоғаз дарҷ афтааст. Бо вуҷуди ин, кӯшиш карда, онҳоро халос карда метавонистам. Охир модарам ҳар гоҳ ба ман мегуфт: «Ҳамеша ба бадбахт мадад расон — ин дар ҳисоб аст!» Бале, ман онҳоро озод карда метавонистам, лекин кӣ ба гардан мегирад, ки

пешина
аз 328
навбатӣ