Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

пагоҳ ба мо ҳуҷум карда, яке аз онҳо сари маро мижжа назада аз тан ҷудо намекунад!». Вакте ки ӯ дарандеша буд, он ду навкар ба назди бадбахтон ҷасади азпятдидан Кулхон Капалаи диловарро кашола карда оварданд. Туркмани ҷавон иззар афканда рангаш канд, чашмонашро пӯшид. Блоквил дод зад;
— Истед, шумо чӣ кор мекунед! Гиред, онро аз ин ҷо гиред!
— Ҳуқуқ надорем, — аз бонги Блоквил каме дасту по хӯрда ҷавоб доданд сарбозон.— Сиёҳ-сартип амр кард, бо ҳар як туркман ҳамин хел рафтор мешавад.
Наход бо ҳар кадом?! Барои чӣ? Барои чӣ ин одамон бояд ҳамин хел азоб кашанд?! Пуртокатии онҳо ҳайрати франсузро меафзуд. «Онҳо чӣ хел одамони боифтихору зебоянд! Ҳусусан ҷавон,— фикр кард ӯ,— мӯйсафед чӣ нигоҳи оқилона дорад, чӣ хел шариконашро дилбардорӣ мекунад; шӯхие мекунаду онҳо табассум, дақиқае азобҳои даҳшатангези худро аз хотир мебароранд». Мӯйсафед ба хондани ким-кадом суруде сар кард. «Мегуфтанд; туркманҳо ин қадар одамони ҷохиланд!». Мӯйсафед суруд мехонду дигарон бо эҳтирому андӯҳ ӯро гӯш мекарданд. Офтоб бошад чунон месузонд, ки дар пеши чашмони Блоквил чизҳои хаёлӣ ба бозӣ даромаданд; шаш каси нимбараҳнаю сӯхтан дар банд гоҳ-гоҳ дар назараш чун ҳарҷангҳои сурхи дар об ҷӯшондашуда менамуданд. Лекин онҳо одамони зинда буданд. Блоквил қатъиян ба назди Сиёҳ-сартип равон шуд.
Лекин холо вақти намози пешин буд ва акнун дар ҳаман қушунҳо одаме намонда буд, ки болои ҷойнамоз наистода бошад. Блоквил медонист, ки намози пешин тӯл мекашад ва боз ба назди асирон баргашт.
Аз касе ҳаросидан лозим набуд. Лекин ӯ шитоб мекард, метарсид, ки қафо мемонанду дер мешавад. Хушбахтона, ҳамаи шаш нафар зинда буданд. Мӯйсафеди туркман даҳони хушкидаашро нимвоз карда, ким кадом суруди қаҳрамониеро мехонд, бо ҳавои суруд рафиқони дар як банд басташудааш сар меҷунбонданд.
Ба азоби токатфарсо нигоҳ накарда, чеҳраҳои онҳо ҷиддӣ буданд ва равшан зоҳир буд, ки аз азоби сахт мурданро аз он, ки назди душман сари таъзим фуруд оранд, авлотар медонистанд.
Болквил чолокона бандро бурид ва туркманҳои тамоман бемадор хазидаву печу тоб хӯрда, ба дарё ронданд.

пешина
аз 328
навбатӣ