Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Блковил ба хаймаи худ баргашта, гӯё чизе рух надода бошад, болои каташ дароз кашид. Дилаш чунон сахт мезад, ки ба назараш гӯё ҳозир берун меҷаҳид. Намоз бошад идома дошт.
Шоҳзода Ҳамза Мирзо чун пештара амалиёти ҷангӣ нагузаронда, ба аспдавонӣ, шикори мурғи даштӣ машғул буд, бегоҳиҳо дар рӯшании гулханҳо зӯрозмонӣ, гӯштингӣ ташкил мешуд. Вақте ки ӯрдугоҳ хомӯш мешуду шаб медамид, аз ҷониби регҳои сапед туркманҳо пойлуч медаромаданд. Онҳо форсҳои хоболудро баста, ба регзор кашола мекарданд, касонеро, ки дарҳол бедор намешуданд, гӯсфандвор чок мекарданд. Дар муддати ду моҳ форсҳо қариб ҳазор нафарро бой дода буданд. Лекин ҳазор аз си ҳазор гӯё ҳеҷ аст! Қӯшунҳо чун пештара калон буданд ва шоҳзода интизор буд, ки кай туркманҳо худашон таслим мешаванд. Қабилаҳои парокандаи туркман, ҳатто аз ҳама калони онҳо аз ду-се ҳазор беш сарбоз ҷамъ карда наметавонистанд. Аз куҷо онҳо бо сипоҳи 40 ҳазорнафара баробар шуда тавонанд! Тактикаи форсҳо оддӣ буд — дар алоҳидагӣ маҳв кардани қабилаҳои туркман ва ҳамзамон муқобили якдигар бархезондани онҳо. Шоҳзода Ҳамза Мирзо соати худро интизор буд.
Аммо дар аввалҳои сентябр ба қалъаи кӯҳнаи соҳили рости Мурғоб, ки қароргоҳи Қавшутхон буд, фармондеҳони қабилаҳои алоҳида: теке, сариқҳо, салорҳо омадан гирифтанд.
Қарор дода буданд, ки ба душманогарии дохилӣ хотима диҳанд, ба ҳар ҳол то он даме, ки дар хоки туркманҳо ягон форс намонад. Бо қувваи умумӣ қалъаи кӯҳнаро мустаҳкам карда, бар замми он дар соҳил истеҳкомҳои баландтари нав бо чунин назардоште сохтанд, ки тири тӯпҳои душман расида натавонад.
Дар машварати назди Кавшутхон нақшан амалиёти ҳарбӣ ба муқобили истилогарон бо ҳама нозукиҳояш таҳия гардид. Ҳама дархости муҳориба бо душманро доштанд, лекин бо вуҷуди он ки ба натиҷаи неке умед надоштанд, қарор доданд, ки ба назди Ҳамза Мирзо қосид фиристанд; мумкин худаш ба хубӣ сиҳату саломат баромада равад, чӣ лозим хуни беҷо рехтанд. Шудгор кардан, коридан, чорворо бонӣ кардан даркор, ин ҷо бошад ҷангидан лозим меояд.
Баҳси тӯлонӣ карданд: кӣ ба шоҳзода мактуби Қовшутхонро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё