Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
меомӯзад. Боз чӣ хел ҳам мешуд! Тактикаи интизорӣ кашидани ӯ охир бор овард.
— Ту, қосид, гуфтан мехоҳӣ, ки Кавшутхон ба тавфиқ омадаасту фаҳмидааст, ки мо боқувваттарем?
— Бихон, — қосид ба савол посух надода, номаро дароз кард.
Шоҳзода эҳтиёткорона номаи лӯлапечро гирифта ба генерал дод. Сиёҳ-сартип онро кушода сулфиду ба хондан пардохт:
«Хабар аз забон ва сухани Кавшутхон. Эй Ҳамза Мирзо, эй Сиёҳ-сартип, эй ҳамаи шоҳзодаю лашкаркашон!
Шумо, ки кӯшунҳои шоҳ Насриддинро сарварӣ карда, ба мо хабаре надода, бо асбобу анҷоми зиёд ба инҷо омадед, дар давоми қариб як моҳ дар вайронаҳои кӯҳна чӣ кор мекунед? Агар шумо ҷангӣданӣ бошед, биёед биҷангем. Лекин агар шумо ба вайронаҳои кӯҳна фақат барои он омада бошед, ки хачирҳоятонро чаронед, пас кишвари Марви моро муфлис накарда, тезтар ба қафо баргарбед. Магар барои чарондани хачирҳо дар кишварҳои шумо вайронаҳои кӯҳна кам аст?»
Дар рафти хондани нома табассум чеҳраи шоҳзодаро тарк кард, овози Сиёҳ-сартип бошад, паст шуд. Генерали далер фикр кард, ки шоҳзода ба чунин шармандагӣ тоқат намекунад, дарҳол фармон медиҳад, ки сари қосидро буранд ва дар айни ҳол ба ӯ ҳам, ки дар назди одами бисёр номаро бо овози баланд хонд... Боз бо чунон иборае, ки! Ва боз бо чунон овози баланд, ки! Лекин шоҳзода ин дафъа тоб овард, ин туркманҳо пуч нестанд, фикр кард ӯ, амаки шоҳ дар Теҳрон таъкид карда буд, хайр майлаш, ифтихори ғалаба баландтар мешавад.
— Хӯб, — кашол дода гуфт ӯ, — ба хонат бигӯ ки меҷангем! Ва он вақт бахшишро интизор нашавед!
— Кавшутхон ду моҳ мешавад, ки ба ҷанг тайёр
— Ана, чӣ хел! Хайр, агар тайёр бошад, интизор шавед! Ман шоҳзода Ҳамза Мирзо, ба ӯ нишон медиҳам! Худо мададгори мост!
— Мо ҳам аз худо ёрӣ мепурсем, оғои хон!
— Худоро шукр!
— Ҳақ, худоро шукр!
Франсуз бо тамоми ҷаҳд менигаристу мешунид — душманони боқувват фақат ба Худо муроҷиат карда буданд ва ҷиддан бовар мекарданд, ки Худо дар торумор кардани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё