Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

душман танҳо ба онҳо мадад мекунад. Ба ҳар ҳол Худо ба кӣ мадад мекарда бошад?! Инро фаронсуз Блок-вил аз ҳама бештар донистан мехост, охир акнун аз ин на танҳо беҳбудии ӯ вобаста буд; хоначаи дар соҳили баҳр, ҳамсари меҳрубону соҳибхона, гулҳое, ки ӯ орзуи парвариданашро дошт. Аз ин акнун ҳаёти ӯ вобаста буд. Худо бошад яктост!

Шоҳзода хост наҷибона рафтор намояд, косидро ба хубӣ ҷавоб дода, фавран барои ҳаракат тайёрӣ дидан гирифт. Баъди ду рӯз, яъне 16 сентябр дар Марв ягон кас намонд. Одамон, ҳайвонот, аробаҳо, тӯпҳо — армадаи калони манънашавандаю шикастнопазир кад-кади соҳили Мурғоб сӯи ғарб ба ҳаракат даромад. Сурнайҳо садо медоданд, байрақҳо лаппиш мехӯрданд, аспон шиҳа кашида, зери саворагон гӯё мерақсиданд, нишастан ва нафас кашидан аз бӯи бад ба дили ҳама зада буд, қалби ҳама дигаргуинеро мехост.

Дусад кас бо мусиқачиёну аламбардорон каме пештар аз қӯшунҳои асосӣ ҳаракат мекарданд. Кайфияти ҳама баланд буд, аз пагоҳӣ ҳаво салқину тоза, кабудӣ мезад. Дар пеш муҳориба — ин фикре буд ҳам рӯҳбахшу ҳам ҳаяҷоновар. Аспи шоҳзода гӯё кайфияти хӯҷаинашро ҳис карда бошад якзайл гашти тезашро нигоҳ медошт. Ба Шоҳзода бошад мефорид, ки аспро маҳмез зада, ӯро ба ҳоли худ монад, то чорхез зада, аз ҳама пеш гузарад. Дилаш майдашӯхӣ мехост. Рафтори дигар надимони шоҳзода ҳам аз шӯҳии кӯдакон монданӣ надошт.

Ҳангоми гузаштан аз авулҳои мондарафтаи туркманҳо ба деҳҳои ҷӯяни тир холӣ мекарданд. Садо бениҳоят баланди ҷарангосӣ, ким-чӣ хел зеризаминӣ барин буд ва ин ҳамаро хушҳол мекард. Ё худ гарав мемонданд, ки кӣ бо тамоми қувва аспро давонда саночи кашоли пури дӯғро шикоф мекунад. Сиёҳсартип ҷои худро намеёфт, гӯё пешомади даҳшатнокеро ҳис мекард, дастонаш мехориданд; ҳатто аз назди токҳои ангур ором гузашта наметавонист — хӯшаҳоро аз чапу аз рост мебурид. Вақте ки сагро болои теппаҷае дид, бисёр хурсанд шуд.

— Ҷаноб, — диққати франсузро ба худ кашид, — сагро дар теппаҷа мебинӣ? Метавонӣ ӯро бо як тир тарзе хобонӣ, ки овоз набарорад?
— Маҳлуқи бегуноҳро куштан чӣ лозим? Он душман нест-ку?

пешина
аз 328
навбатӣ