Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

лиҳоз онҳо қариб, ки осебе надиданд. Форсҳо рӯҳафтода гардида, ба хандақкобӣ шурӯъ карданд. Туркманҳо бошанд, шумораашон қариб ҳазор нафар, аз қалъа баромада ба ду гурӯҳ ҷудо шуданду ба дарё фаромадан гирифтанд.

Рӯзи нағз буд, он қадар гарм не, абрҳои сафед болон қаторкӯҳ шино доштанд, чаковак месуруд, дар соҳили рост бошанд, туркманҳо гӯё ба кори осоншта машғул бошанд, камиш бофта, аз қалъа ғулачӯб оварда, гузаргоҳ месохтанд.

Ним километр поинтар гурӯҳи дигар гузаргоҳи дуюмро танҳо аз камиш сохтан гирифт. Ҳирлӣ — яроқҳои худро ба пушт партофта, туркманҳо бо дос камиши баландро даравида, дарза мебастанд, тез ҷо ба ҷо гузошта, сахт бо ҳам пайваст мекарданд. Вақте, ки гузаргоҳ тайёр шуд, сесад нафар мерганҳо аз он гузашта, барои чӣ бошад, ки сӯи ҷануб рафта, дар пушти хомаҳои рег ғайб заданд.

Бовар карда намешуд, ки дар ин рӯз ҳодисаи даҳшатангезе рӯҳ диҳад. Дар айни ҳол Блоквил он чизеро, ки ӯро дар ҳайрат гузошта буд, мефаҳмид — лашкаркашон ба ҳамаи амалиёти туркманҳо бо бепарвоии ҳайратангезе назар мекарданд. Эҳтимол, ҳамаро чун тамкини оснֵй қабул кардан мумкин, лекин хатари баамалояндаро надидан ҳеҷ мумкин набуд. Аз дигар тараф форсҳо даҳҳо бор зиёд буданд ва дар ин нимрӯзӣ ба онҳо дарафтодан ба ақл рост намеомад. Оромии шоҳзодаю генералҳои ӯро Блоквил ҳамин тариқ фаҳмидан мехост. Ва дар айни ҳол ҳар лаҳза ба ёд меовард, ки чи хел ҳамагӣ чор нафари ин одамони назарногир ба сипоҳи бутун дарафтоданд. Ҳуллас, Блоквил гумон мекард, ки ӯ ким чизеро намефаҳмад, ки шояд дар айни ҳол чизи дигаре рӯҳ диҳад.

Лекин, мутаассифона, ҳамааш то ҳадди охирин содда буд. Баъди се соат се гузаргоҳ тайёр шуд, форсҳо бошанд хандақҳоро ним карда буданд. Дар ними рӯз ба воситаи купрук туркманҳои савора ба ҳуҷум сар карданд. Эҳтимол, ба ин на танҳо Блоквил тайёр набуд. Баъзеҳо фурсат ёфта, ба асп савор шуданд, касе сепояро устувор карда, пайт ёфта аз шемхала ба нишон гирифт, ҳатто сӯи сели туркманҳо тир холӣ кард. Лекин ин мисли неши хомӯшак буд. Ҳамлаи йигитҳо дар рӯзи рӯшан ногаҳонӣ ва чолокона буд, ҷанги тап ба тан сар шуд ва дар ин ҷо касе саломат монд, ки чаққон

пешина
аз 328
навбатӣ