Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

буд, шамшери дасташ тезтар ҳаракат мекард, аспи ҳақиқӣ дошт.

Игитҳо ҳамла мекарданд, зарба мезаданду дарҳол ақибнишинӣ карда, форсҳоро аз қафои худ кашола мекарданд. Ва боз ҳуҷум карда, чун занбӯр неш мезаданд. Вақте ки форсҳо аз қафои онҳо кашола мешуданду ҷанги ҳақиқӣ сар мешуд, дастаи дуюм аз поинтар омада, аз ақиб зарба мезад.

Сиёҳ-сартип ба сарбозони худ дод мезад, ки баргарданд, ӯ аз боло, аз хиргоҳи шоҳзода медид, ки чӣ хел дастаи дуюм — сесад шамшерзан аз поёнтари об гузашта, аз қафо зарба мезанад. Лекин барои қафо гаштан дер шуда буд, зеро дар ин вақт дастаи якуми туркманҳо мададро ҳис карда, сахттар ҳуҷум овард ва форсҳоро аз ду тараф танг карда, сӯи ҷануб тела доданд. Айнан ба ҳамон ҷое, ки дусад нафар мерган камин гирифта буданд. Сиёҳ-сартип чун инро дид, фарёд зад, то тӯпҳоро тезтар сӯи дастаи дуюм гардонда барои сарбозони худ роҳи гурезро кушоянд. Тӯпҳоро гардондан муяссар шуд, лекин дар ҳамин вақт аз боло, аз хомаҳои рег тирпаронии тоқа-тоқа сар шуд. Туркманҳо ду нафар як милтикро ба кор мебаранд — яке тир пур мекунад, дигаре мепарронад. Мана барои чӣ оташфишонии суръати тез дошт. Мадади тӯпҳо басанда шуд. Дар ин ҳолат даста ҳаёҳӯйкунон ҳамла кард. Ва саргармӣ ҳам авҷ гирифт!

Сиёҳ-сартип байрақро гирифта, дар сари дастаи хоси гвардияи шахсӣ — онҳое, ки ҳамаашон мисли худаш каллабур буданд, худро барои ёрӣ ба ҷои аз ҳама серҷӯшу хурӯш зад. Аммо водии набардгоҳ барои кӯшунҳои форсҳо тангӣ мекард, қисми зиёди он дар ин тангӣ ҷангида наметавонист ва маҷбур буданд чун Блоквил фақат мушоҳидачи бошанд. Туркманҳо бошанд инро нағз мефаҳмиданд, тактикаи онҳо оддӣ, вале кофӣ буд; форсҳоро ба қисмҳо ҷудо ва нест кардан.

Вақте ки Сиёҳсартип ҳамроҳи дастаи худ ба ҷои аз ҳама серҷӯшу хурӯш даромад, гӯё паллаи тарозу ба тарафи форсҳо гашт. Доду фарёди бадқаҳронаи онҳо воҳиманоктар шуд, лекин баҳодурони туркман аз ин наҳаросиданд, бо садои ваҳмангези шамшерзании душманро давом доданд. Маҷрӯҳон нола мекарданд, таппончаҳо мисли мушаки бачагона садо мебароварданд, ҳар ҷо овозҳои муроҷиат ба худо баланд мешуд, садои сурнай, чаранг-чурунгии шамшерҳо — ҳамаи ин ба ҳам

пешина
аз 328
навбатӣ