Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

омехта, бетартибии марговареро ба вуҷуд оварда буд. Аспони аз савораҳо маҳрумшуда девонавор медави-данд, хачирҳо ҳангос мезаданд, хуни рехта заминро лағҷонак мекард. Танҳо мурдагон ором буданд.

Ҳарчанд Блоквил кӯшиш мекард фаҳмида наметаво-нист; кӣ ғалаба мекунад? Ғайр аз ин зарур буд, ки ҳар лаҳза ҳушёр бошад. Ҳатто дар ин ҷо дар назди хир-гоҳи шоҳзода дар зери байраки асосӣ, дар иҳотаи сарбозони хоса то охир осуда будан имкон надошт. Гоҳ аз чапу гоҳ аз рост ба ин ҷо туркманҳои бебок ба қасди аз худ кардани байраки асосӣ ва бо худи шоҳзода қувваозмоӣ кардан зада медаромаданд. Онҳо-ро албатта, бераҳмона шамшер мезаданд, байраки аб-решимин лаппиш мехӯрд, лекин ин ҳамлаи диловарон-ро кам намекард. Онҳо ҳамаашон боэҳтиёт, йигитҳои ҷавон, тамоман ҷавон буданд, ҳатто дили Блоквил ба-рои чунин ҷавонони хунгарм месӯхт. Дар айни ҳол ӯ мефаҳмид; агар онҳо ба ин ҷо медаромаданд на танҳо шоҳзода, балки ӯро низ, ки ба туркманҳо бадие накар-дааст, саломат намемонданд. Аз ин хотир ҳар дам дар тағи дилаш сардие ба вуҷуд меомад.

Кавшутхон аз болои сад ҳамачиро чун кафи дасти худ медид. Заҳиран охирини ӯ дусад нафар сарбозони санҷидашуда буданд. Даста бо шиддати тоқатгудоз интизор буд, даста кӯшиш мекард ба ҷанг, ба мадади одамони худ барояд. Кавшутхон мунтазир буд. Ӯ муҳорибаро бой дода наметавонист. Ва, гӯё инро фаҳмида бошанд, занҳо дар қалъа барои ғалаба дуо мекарданд. Лекин дуо дуо аст ва дуо хонда, занҳо дар дегҳои ҷуянӣ сурбҳо об карда, барои шавҳарону бародарони худ тир мерехтанд, фарзандони онҳо низ тамоми рӯз дур нашуда, ёрӣ медоданд. Ва назари ҳама ба Кавшутхон буд: ӯ чиро интизор аст? Аллакай торик мешуд ва тирандозоне, ки дар камингоҳ дароз кашида буданд, метавонистанд ҳамин хел бекор истанд. Форсҳоро бошад имкони ба ҷануб тела додан нашуд. Ва ба худи марказ зарба зад, маркази форсҳоро маҷак кард ва ин ҷо ҷанги тан ба тан не, кашмакаш сар шуд. мурдаҳо даҳол намеафтиданд — ҳамин хел ҷафс буданд ва бисёриҳо шамшерҳоро партофта кордҳоро ба даст гирифтанд. Ва оҳиста-оҳиста, қадам ба қадам форсҳоро ба тарафи ҷануб танг карданд, ба он ҷое, ки мерганҳо камин гирифта буданд. Соати онҳо ҳам даррасид.

Лекин ба Блоквил то охир мушоҳида кардани ҷанг

пешина
аз 328
навбатӣ