Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он дар муддати ду моҳ тамом шуда буд. Ва шаби аз дуюм ба сеюми октябр аз Марв баромада, сӯи Порсугал равон шуданд.

Шамоли сахт абрҳои пастро пеш андохта мебурд, дар кушодагии само ахтарони танҳо хира-хира чашмак мезаданд, дар ким-куҷое шагол нӯла мекашид. Эҳтиёткорона пеш мерафтанд, хаёл мекарданд, ки дар кафои ҳар ҳомаи рег душмане ниҳон аст.

Туқманҳо дар бораи ҳилаи Порсугал огоҳ буданд ва мефаҳмиданд, ки агар душман дар он ҷо аз нав яроқнок шуда, истироҳат кунад, хеле пурқувват мешавад. Ин нақшаи душманро пешгирӣ кардан лозим буд. Ба ин мақсад тамоми шаб дар назди Кавшутхон баҳодурон, оқсақолони иззатманд ба машварат нишастанд, ҳама тахмин мекарданд, ки дар куҷо форсҳоро иҳота кардан беҳтар бошад, то ба онҳо, ки баъди шикаст ҳанӯз фурсати ба тартиб овардани худро наёфтаанд, имкони пурқувват кардани қӯшунҳоро надода, то охир торуморашон кунанд.

Қарор доданд, ки дар назди харобазори Порсугал посбонӣ мекунанд. Ва вақте форсҳо гумон карданд, ки бомуваффақият ба ҷой расиданд, дар ҳамин вақт ба онҳо дармеафтанд.

— Торумор ки кардем, оромона ғалла мекорем! — гуфт Нурисагира.

— Ҳа, ба қарибӣ форс ба худ намеояд, — давом дод Таҷғок-сардор, — вақте ки онҳоро дар наздикии Сиёҳқалъа шикаст додем, панҷ сол сар нахалонданд.

— Дар назди Анқалъа ҳам онҳоро гарм карданд.

— Дар назди Анов ҳам...

Дар байни сӯҳбат ба ёд оварданд, ки дар куҷо туркманҳо форсҳо, хивагиҳо, бухороиҳо ва дигар истилогаронро кӯфтаанд.

— Ҳа-а, — андешамандона ришашро сила карда гуфт Кавшутхон, — мо онҳоро мекубему онҳо сар мехалонанд. Агар ба ёд биёрем, бобову бобокалони мо ҳам ба ҳамин машғул буданд — тамоми умр бо меҳмонони нохонда меҷангиданд; бо арабҳо, Чингизхон, хонҳои шайбонӣ... ҳамаашро дар хотир оварда ҳам наметавонӣ. Озодона ғалла коридан, чорво бонӣ кардан бошад, кам муяссар шудааст. Хайр, ин дафъа форсҳоро шикаст диҳем, баъди як-ду сол боз ҳуҷум мекунанд. Агар онҳо не — пас дигаре. Не, оқсақолҳо, не баҳодурон, дар бораи

пешина
аз 328
навбатӣ