Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

муҳофизати дигаре туркманҳо бояд фикр бикунанд.
— Чӣ хел муҳофизат, дар бораи чӣ мегӯӣ ту, Кавшутхон? — пурсид Таҷғок-саркори содиқ.

Диққати дигаронро ҳам суханони Кавшутхони оқил ба худ ҷалб карда буд.
— Он русҳо аст, — ҷавоб дод Кавшутхон, — халқи вафодор, озодидӯст, дар бораи иттифоқ бо ӯ бояд сахт андешид. Он вақт ягон кас ҷуръати ба мо ҳамла овардан нахоҳад кард.

Қӯшуни форсҳо бомуваффақият то хароботи Порсугал расид. Блоквил, ки бо нақлиёт мерафт, аллакай фикр карда буд, ки ҳама дар ҷояш, наҷот ёфтанд. Лекин ба қабристони Сандносир баробар шуда, банохост ҳис кард: «Ҳозир ягон чиз рӯй медиҳад». Ва дар ҳамин лаҳза аз байни қамишзори баланд туркманҳо савора баромаданд. Блоквил мисли дигарон аспро ба тарафи рост гардонда дид, ки аз рост ба воситаи халиҷи резгор ба онҳо дастаи дуюм наздик шуда, форсҳоро мисли ҳилол дар ҳалқа мегирад. Онҳо хостанд ба ақиб баргарданд, лекин аз ақиб ҳам, гӯё аз таги замин бошад, қувваҳои асосии туркманҳо бо сардории Кавшутхон баромаданд. Байрақи сурхи атласии хон аз вазиши бод лаппиш мехӯрд. Айни офтобинишин буд ва атласи сурхи байрак ба атроф партав меафканд. Гарчанде муҳориба сар нашуда буд, лекин бисёр навкарҳо ба ҷанг надаромада кӯшиши гурехтан намуданд.
Мингбошиҳо дашном медоданд, онҳоро бо тозиёна зада, рӯяшонро тарафи туркманҳо гардонданӣ мешуданд.
Мингбоши аз Шохсаванд, ки баъди марги Сиёҳсартип дасти рости шоҳзода ҳисоб мешуд, воҳимаандозои бераҳмона шамшер мезад. Бо азобе муяссар шуд, ки рӯи қӯшунро тарафи туркманҳо гардонанд. Бо вуҷуди ин ҷанг авҷ нагирифт. Савораҳои туркман бо чунон нотарсӣ ба қаторҳои форсҳо медаромаданд ва бо чунон рағбат аз марг натарсида, душманро шамшер мезаданд, ки навкарҳо аз онҳо худро ақиб мекашиданд. Ба шоҳзода байракро партофта, танҳо бо одамони наздиктаринаш ҳалқаи туркманҳоро бурид ва онҳо аспҳоро камчинкорӣ карда, ҷониби сарҳад рӯ ба фирор шуданд.
Байрақи партофташуда бо шери тиллоӣ дарҳол аз зарбаи шамшерҳо пора гардид, зери суми аспони ахалтекинӣ ба хоку лой ҷулил.

Баъди ин ҳисобидан мумкин буд, ки муҳориба анҷом

пешина
аз 328
навбатӣ