Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳамчунон ба чекисти оҳанинтен рафиқ Берияву, рафиқ Жданов, ки Пӯлод аз ин пештар номашонро нашунида буд, умри дарозу бахти накӯ орзу кард. Ҳама бо як беқарорӣ чак-чак заданду умедвор буданд, ки акнун ҳамаашонро сари дастурхону дегҳо даъват хоҳанд кард. Аммо Қурбонов дар навбати худ суханро ба яке аз он мардони фарбеҳи ношинос дод, ки лабҳои ҳамидаву пичаки сафед бар тан дошт. Ӯ онди барқароркунии хоҷагии халқ, аз он ки ҳоло бо ғайрати дучанд бояд кор кард ва баъди ин Ғалаба акнун коммунизмро бояд сохт, вазъ гуфт ва одамони дар қаторхон қафо нишаста ба наҷво даромаданду бетокатияшонро ошкор карданд. Одамон оҳиста-оҳиста аз издиҳом дур мешуданд ва дар хирман ҳам ёрдамчиёни зиёде ҷамъ шуданд, ки онҳо ҳатто ба якдигар халал мерасонданд. Аммо он марди лабгафси пичаки сафедпӯш ҳамоно мегуфту мегуфт ва Пӯлод гумон мекард, ки шояд шиками ӯ сер бошад, ки ҳеҷ майли хомӯш шудан надошт.

Акнун навбат ба раис расиду пешқадамони меҳнатро як-як даъват намуда ба ҳар кадоме коғазеро ҳадя кард, ки номаш «Граммота» будааст. Пӯлод ба ёд овард, ки дар Гочук ҳам тӯҳфа медоданд, аммо натанҳо грамота, балки матоъ, баррача ва ҳатто пул ҳам. Лабгафс боз ҳам риштаи суханро гирифт, аммо шукри худо, ки дер гап назад. Фақат грамотаеро ба раис доду, мудири мактаб Ҷумъа Сафаровро ва бо як ҳайронӣ Ялқоп Язлиевро пеши мизи худ хонд.

Ялқоп, ки дар қатори аввал меистод, мағрурона ба чор тараф нигарист пеши миз омада грамотаашро «барои хизматҳои хубаш дар ҷамъоварӣ пӯсту пашм» ба даст гирифт ва дасти роҳбаронро фушурда на ба ҷояш, ба миёни издиҳоми афгор баргашт, балки дар пушти мизи роҳбарон рост истод, ки он ҷо, роҳбарони хурд ҳисобчӣ, милиционери гузар ва чанд тани дигар меистоданд.

Не ба ҳар ҳол ин ҷашн буд, бавижа, вақте ки ҳама дар гирди хони давлатӣ нишастанд. Ва бигзор ин дастурхон бечораҳолона буду як нон насибаи ду нафар мешуд, як коса шӯрбо бо чор кас тақсим мешуд ва дутор ба дасти як ҷавони қадпасти аз зӯри кори саҳро пойҳояш қаҷшуда расида буд: Охир ҳама дуторчиёне, ки ба ҷанг рафта буданд, дигар ба деҳа барнагаштанд. Ҳамаашон он ҷо монданду дар замини

пешина
аз 328
навбатӣ