Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфт Ялқоп. Маълум буд, ки рафтори муаллима ба ӯ нафорид ва ҳатто ба хашмаш ҳам овард.— Дар ин хонадон... хабарчӣ пайдо шудааст! Ман аз куҷо донам, ки ин забондарозро барои чӣ гирифтаанд? Ман-ку на милисанерам, на ягон роҳбари дига... Ҳак кор мекунам ва эҳтиромам мекунанд. Бале,— ба ёд овард ӯ,— гир... грамотаро хо ана ба он ҷо овез... Не, ана он ҷо, миёни тирезаҳо. Бигузор бубинанд. Бигузор бубинад, ки Ялқоп Язлиевро на кадом як колхозчӣ, балки худи муншии аввали ҳизби ноҳия, бо дастони худаш грамота додааст. Ва мон, ки ҳама ба ин ҳасад баранд...

Ӯ суханашро тамом накарда, бархосту кулоҳи хокистарияшро ба сар ниҳода берун баромад. Нортоҷ ӯро бо як ҳолати хастагӣ, бо чашмони ғамбор гусел карду оҳ кашид:

— Оҳ, худоё, чӣ рӯзгори бад... Наход, ки мӯсафед ягон гуноҳ карда бошад?

— Ӯ гуноҳе надорад, фақат кадудона фурӯхт,— бо қаҳр гуфт Пӯлод.— Ӯ одами хуб аст.

— Хуб...— бо қаҳр гуфт Илҳон, ки бо модарандараш хӯ карда буд ва аз ӯ дигар шарм намекард.— Бегоҳ ба падарам гуфт, ки... Пас ҳама хандиданд. Падарам тоҷи хурӯс барин сурх шуд...

— Дар ҳаққи падарат чунин нагӯ...— шӯрида гуфт Нортоҷ.— Баъд падарат чӣ гуфт?

— Хайр, ӯ чӣ мегӯяд! Ӯ Ҳиммат-огоро сарзаниш кард... Сарзаниш кард, ки дигар чунин суханҳоро ба забон наорад.

— Кадом суханҳоро?

— Намедонам,— бепарвоёна китф дарҳам кашид Илҳон.— Дар бораи ҳукумат чизе гуфт...

— Ҳиммат-ого гуфт, ки ин давлат ҳаргиз бой намешавад,— Пӯлод гапи ӯро об дод.

— Ана ҳамин хел! Ва қаҳри падарам омад...

— Хайр, ҳеҷ гап не... фақат ин гапро ба каси дигар нагӯед,— бо изтироб гуфт модар.— Хомӯш бошед! Беҳтараш гӯзапояро ба назди оташдон баред — ва бисёртар! Ва либосҳои наватонро имрӯз напӯшед,— ҳаминаш ҳам мешавад...

Онҳо ду рӯз пайиҳам аловӣ кашиданду боз гурехта пеши чӯраҳои навашон, ки Пӯлод бо онҳо ҳанӯз хуб одат накарда буд, рафтанд. Гарки бозӣ дар сари хирману биёбон надонистанд, ки рӯз чӣ хел поён ёфт ва бегоҳирӯз ба хона баргаштанд. Дар пеши кулбаи моман

пешина
аз 328
навбатӣ