Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Мӯсафед бо ғазаб ба Ялқоп нигарист:
— Чӣ, ман диндорам? Не. Гуноҳбахшам? Не. Ё ки касеро фириб додаам?.. Ана ин се гуноҳ. Ва агар одам аз ин се гуноҳ дур бошад, пас маълум мешавад ки ӯ худо дорад.
— Ту беҳтараш бигӯ, ки ба ҷон ҳамин бебори мо чӣ қадар ҳақ мегирифтӣ?
— Бебор дигар аз они шумо не, балки моли ман аст. Аммо ин хел беҳуда, худо медонад, бо ту гап ҳам намезадам. Не, гап намезадам. Ана ҳамин хел, ҳаққи худро, ҳар чӣ ҳам набусад, ман ба даст овардам...
Ва ӯ худоҳофизӣ накарда говро ба сӯе бурд, ки шутуруну дигар ҳайвонҳои бешумор харидорони худро интизор буданд.
Падарандар ӯро, чихел, ки бо як норозӣгӣ гусел карду баъд ҳақораташ ҳам дод:
— Ҳе, шайтони бозорӣ... Не, бояд саду панҷоҳи дигар медод... Ана қаллоб! Ин ҷо ҳамааш қаллобанд, яке бадтар аз дигаре... чунон мебурранд, ки огаҳ намешавӣ, — ва бо русӣ илова кард:
— Сволочь!..
— Чӣ? — ӯро нафаҳмид Пӯлод.
— Ҳеҷ чӣ... Дуздро мегӯям, — ғур-ғур кард падарандараш ва пулҳоро ба ҷайби сари синааш зад. Ҳар қадар, ки ӯ кӯшид, аммо нафаҳмид, ки аҳмақаш кардаанд. Ва Пӯлод инро пай бурда ба издиҳоми гуногунзабон нигарист, то ки алами падарандарашро зиёд накунад. Ва баногоҳ, гӯё чизеро эҳсос карда бошад, ки ҳамоно аз лаҷоми аспи дар пешаш истода гирифт: пешопеш тақрибан то андозаи бист қадам миёни одамон, ба асобағалаш вазнин такя дода, падараш меистод...
Ин қадар пушту паҳлӯи ошно, китфони баланд ва ҳамон гимнастёркаву тасмаи брезентии шинос. Пӯлод аз ҷояш ҳамоно канда шуда дар миёни анбӯҳи одамон давида чашм аз он шонаҳои дар ҳаракати шинос намегирифт, вале дарзамон падараш рӯ ба ҷавони ноипфурӯш гардонд, ки фарёд мезад «Нони гарм аст. Гиред, ҳозиракак аз танӯр!» Не, ин мард падараш набуд. Хеле монанд буд, чеҳраи афғонӣ фурӯтанӣ, ҳатто пойӣ чӯбинаш ҳам аз ҳамон ранг; аммо ин падараш набуд...
— Ту дар кадом гӯр мегардӣ? — бо як овози ошуфта пешвозаш гирифт падарандар. — Дар ҳамин ҷо гум шудан мехоҳӣ? Рафтем!

пешина
аз 328
навбатӣ