Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он омадам, ки ту маро бубинӣ... Пеши бачам омадам. Ӯ куҷост?
— Ҳаҷ, ӯ хонаро нигоҳбонӣ мекунад-ҳӣ? Дар мактаб аст...
— Ин мактабаш куҷост? Роҳаш аз куҷо мегузарад?
— Ана, аз он роҳ ба тарафи дасти чап мегардӣ. Аз хайр боз ба хобат бовар мекунӣ? — Ӯ нигоҳ кард, ки ҳанӯз саҳар асту дар кӯча касе наменамояд ва кулба ҳам холист. Онадурсун ба ёрии хешовандон рафта буд, ки доимо ин корашро такрор мекард. Аз ҳама муҳимаш, ки Ялқоп дар хона набуд. Ӯ аз паи кораш рафта буд.
Хуб аст, агар касе дар кӯчааш набинад... — Бирав, ман вақти беҳуда надорам.
— Хоб ин хоб аст... ман барои дигар кор... Маро дар беморхона бистарӣ хоҳанд кард. Барои чанд вақте, ки худам намедонам. Шояд он ҷо... корам тамом мешавад.
— Хайр, ҳеҷ гап не,— аз рӯи қасд гуфт Норточ ва ба рӯи ӯ нигоҳ ҳам накарда.— Он ҷо бо одамон истироҳат хоҳӣ кард...
Нурқулӣ ба ӯ як нигоҳи номаълуме карду хост чизе гӯяд, аммо хомӯширо авло донист. Ва лангон-лангоҳ ҷониби ҳараш баргашт. Баъд пеш аз он, ки ҳарашро гирад, гуфт:
— Маро бубахш, Норточ...
Не, Норточ ӯро ҳаргиз намебахшад... ӯро, масхарабозро, ки онҳоро бо писараш ба ин ғурбатсаро, пеши одамони ношиносу ноаҳл фиристодааст. Ӯро, ки онҳоро хушбахт карда натавонист. Иштирокчиёни ҷанг кам нестанд-ку. Ҳамаашон соҳиби мансабу зиндагии бофаррӯғат, соҳиби обрӯву шӯҳрат шудаанд. Аз ҷанг кардан ӯ чӣ фоида. Як пояш нобуд шуду масхарабоз, ки буд боз ҳамон масхарабоз монд. Ва ягона умеди Норточ он буд, ки ӯ аз ҷанг бармегардаду чун мард онҳоро аз ҳама сарду гарми рӯзгор пуштибон мешавад ва онҳо бо ҳам ба ҳаёти нав қадам мемонанд. Ҳама умеди Норточ ҳамон вақт барбод рафта буд, ки рӯи ҳавлӣ, ӯро як марди маъюбу бо асобағалу шинели бӯйноки кӯҳна дида буд. Не, намебахшад.
Ӯ саросема фаранҷиро ба сараш кашиду аз хона бадар рафт. Нурқулиро дар тангкӯча дид, ки асобағалаш аз тарафи чапи зини хар овезон буд. Дар ҳамин асно аз роҳе, ки лаб-лаби ҷӯбор то мактаб мебурд ва Илҳону Пӯлод ҳамеша аз он ҷо меомаданд, гузашту ҷониби

пешина
аз 328
навбатӣ