Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Одамони зиёдеро дидам... Муҳимаш, ки дар заминканҳо. Дар он ҷо ҳама чиро меомӯзӣ...

Талабаи навбатдор садои оҳани овезони пушти дари мактабро баровард; танаффус поён ёфт.
— Хайр, маъзарат, хоҳарам; вақти туро тамоми танг кардам. Бигузор нависад, майлаш?
— Бале, бале. Шумо зудтар сиҳат шавед. Боз ба ин ҷоҳо биёед... биёед. Фақат ба ин ҷо, на ба хона.
У ҳанӯз ҳам Нуркулиро даъвати омадан мекард, зеро медонист, ки ин рафтораш ҳақ аст. Роҳи ӯро банд кардан лозим набуд. Хуб нест, вақте ки одамро аз адамгарӣ маҳрум мекунанд.
— Ташаккур Ҳолбикаҷон, ман туро фаромӯш нахоҳам кард... Боз меоям.
Садои галогулаи хонандагон роҳравро пахш кард. Онҳо аз паҳлӯи ҳам давида мегузаштанд. Ҳолбика ҳам нигоҳи Нуркулиро аз хотираш дур накарда вориди синф шуд. Ва то он даме ки хонандагони сергавғо якдигарро тела дода аз байни курсӣҳо гузашта нишастанду ором шуданд, Ҳолбика аз тарики тиреза нигаристу дид, ки ӯ на аз роҳи ҳавлӣ, балки аз тарики боғи мактаб зери як осмон холӣ роҳ гирифт...
— Ана, барои чӣ туро аз дарс берун бурданд, — бо ҳасрат гуфт Илҳон, ки аз хезумчинӣ омадани онҳоро пай бурд. У сарашро хоридаву даҳонфоҷакунон аз кулба пешвози Пӯлоду модараш баромад, ки дарзаҳои вазнини хезумро бар дӯш доштанд. Илҳон ба ҳама кори онҳо ҳасад мебурд ва ҳатто якҷоя ба хезум рафтанашонро ҳам дӯст намедошт. Модараш дарҳол дохили хона шуд, аммо Илҳон аз чӣ буд, ки болои дарзаи хезум туф карду гуфт:
— Туро дар мактаб кадоме сӯроқ кард.
— Дар куҷо?
— Дар мактаб. Асобағал дошту як пояш ҳам чӯбин буд. Харсавор омада буд.
— Ту... ту рост мегӯӣ? — ба чашмони ӯ нигарист Пӯлод.
— Чаро дурӯғ гӯям? Бачаҳо гуфтанд, ки ӯ падари ту будааст. Ман ҳам дидам: ба ту хеле монанд буд...
— Қай? Қай? — Пӯлод ӯро як таконд ва худаш каме буд ки гирён шавад. — Ту чӣ базӯр гап мезанӣ? Ҳанӯз ҳам бедор нашудай!?
— Чаро, бедорам-ку... Ин ҳангоми танаффус буд, ки ту рафта будӣ. Мо баромадем, ки ӯ дар роҳрав истодааст.

пешина
аз 328
навбатӣ