Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

«Умрат дароз бод падари азизи мо. Номаи худро бо он оғоз медиҳам, ки ман сиҳату саломатам; хонишам ҳам хуб асту либосҳои гарм ҳам дорам. Ва боз гуфтаниям, ки бо ёди ту хеле ғамгинам ва ҳафтаҳову моҳҳоро мешуморам, ки кай бошад ба дидори накӯят расем. Ҳа, боз мо дар мактаб як шеъри бахшида ба Сталини бузург ва панҷсоларо аз ёд кардем...»

Ӯ як дам қарор карду ба андеша фурӯ рафт, ки оё як банди шеъри ба бобои Сталин бахшидашударо дар ин нома ҷой додан лозим аст ё не? Аммо холигию варақ барои ҳеҷ азиз буд, зеро ӯ боз дар бораи ҷашну ҳезумкашиву мактаб... навиштан мехост. Ба ҳар ҳол падараш мактабро бо чашмони худаш дида буд. Ӯ албатта, дар бораи Ялқопу ҳама рӯйдодҳои хонааш нахоҳад навишт, зеро бо ин ҳама аъсоби падарашро озор медод. Не, охир падар дар номаҳояш аз азоби гушнагиву сардии заминканҳо ҳаргиз ёдовар намешуд ва танҳо баъди адои ҷанг гоҳ-гоҳ нақл мекарду халос. Боз Ӯ дар бораи муаллимаи азизаш, ки хеле одами хуб аст ва боз аз хубиҳои мудири мактабу момаи Огулсапдияш хоҳад навишт...

Офтоб аз миёни навдаҳои дарахтон нурпошӣ мекарду бод бо баргҳои хушкидаи най бозикунон навоеро зери лаб дошт. Аммо ӯ аз аспсавориву аз он ки тағой Онамӯродашро ҳабс карданду ҳамчунон бегуноҳ ҳабс шудани Ҳиммат-ого, барои кадудонафурӯшияш, навишт. Инчунин аз он навишт, дар «турник» аз ҳамаи ҳамсинфонаш зиёдтар, чордаҳ бор, худро кашидаасту баччаи аз ҳама бӯзбалаи синф, Кулмурод аз панҷ бор зиёдтар натавонистааст. Боз аз он навишт, ки ин деҳа дар нисбати Гочук рӯде ҳам надорад, ба ҷуз як чӯборак... Баъд дилакаш ба падараш сӯхту навишт, ки ӯ зудтар сиҳат ёбад ва дар ҳамин рӯзҳои наздик ба одадаш хоҳад рафт. Пас номаро ба тарзи сегӯша кат карду дар пушташ бо ҳарфҳои калон-калони зебо навишт: «Ба Паҳлавонов Нуркулӣ». Баъд болои сабзаҳо ба пушт заду осмони каб-кабуди баъди абрҳо тозашударо андешамандона ба тамошо гирифт. Кори хеле муҳимеро иҷро кард. Пагоҳ вақте ки муаллимаш ба шаҳр меравад, ӯ номаро ба дасташ хоҳад дод. Ин ҷо як роҳ буд, яъне бо ягон мақсад, як рӯзи дароз аз хона баромадан. Ин кори басе мушкил буд ва онро тарзе мебоист иҷро кард, ки на Ялқоп огоҳ шаваду на модараш. Бале, аз Илҳом ҳам ҷудо шудан басо мушкил буд. Вақтҳои охир

пешина
аз 328
навбатӣ