Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
ӯ ҳеҷ аз Пӯлод канданӣ надошт. Пӯлод ҳам охир он шахду мағзе, ки момои Онадурсун медодаш, ҳамеша бо ӯ қисмат мекард. Вақтҳои охир онҳо хеле унс гирифта буданд ва дар мактаб дигар касе аз бими Пӯлод Илхонро таҳқир намекард, ки ҳатто андаке бардаму боақл шуда буд. Инро худи Ҳолбика пай бурда буд, ки мегуфт: «Ана, оқибати одаму одамгарӣ чӣ будааст...»
Аммо, чаро пас дар хоби дидааш овози муғаннӣ, Гочук-Мергани кайҳо мурда, он қадар ҳақирона садо дод? Ин ҳамон муаммое буд, ки Пӯлод бояд дар борааш андешаҳо мекард. Не, Гочук-Мерган ҳаргиз беҳуда намегуфт, ба ёд овард ӯ суханони модарашро: «Ӯ ҳатто дар маҳракаи ҳаводоронаш ҳам аз ҳама камтар сухан мегуфту зиёдтар гӯш медод. Ҳар гоҳ ки агар сухане мегуфт, ҳар як вожааш касро ба андеша водор мекард. Подшоҳон аз сӯҳбат бо ӯ ифтихор доштанду котибон ҳатто гуфтаҳояшонро болои қоғаз меоварданд». «Ту дар ҷанг бисёр кишварҳоро зери даст даровардӣ, аммо занатро ба душмон гузоштӣ», — гуфта буд Гочук-Мерган ба падараш... Ба ҳамин маъно боре худи падараш чизе гуфта буд. Аҳли оилаи онҳо зери осмони софи ситорабор даври оташдони оташаш кайҳо хомӯшшуда нишаста буданд ва модараш дар бораи зиндагии ақибгоҳу ҷамъоварии озуқаву аз ганҷурхонаҳо гирифтани андозу ҳатто либоса, ҳамчунон дар бораи раиси деринаашон Елдашев, ки норозӣнуро дар хонаи назди утоқи корияш зери қулф нигоҳ медошт, нақл карда буд... Падар бошад бо сари хам ҳама гуфтаҳои ӯро гӯш медоду баъд гунаҳкорона гуфта буд: «Бале, ман дар се мамлакат будаму ин се мамлакатро ҳам озод кардам... Аммо дар ягонҷааш мо чунин қашшоқиро надида будем [надида будем], ки дар кишвари худ мебинем. Бойҳои бегонаро озод кардемӣ, худиҳоро чун ғулом дармеёбем...» Модараш як ларзиду дигар чизе нагуфт. Ва кадом як гуноҳи бечорагӣ буд, ки онҳо дар ҳамон мурғхона худоҳофизӣ карданд? Чаро? Ё шояд лозим буд, ки ӯ наомаду бо ҳамон асобағалаш барзаговҳоро хуб ҳам мекӯфту ин «соҳиби мӯйсарро» чунон боб карда аз он ҷо меронд, ки дигар қадамаш бар он остон намерасид? Ва баъд миёни падару модараш ба ҳар ҳол оштӣ мешуд?..
Офтоб ба коми уфуқ фурӯ мерафту Пӯлодро ба де-ҳа баргаштан мебоист. Дар рӯи роҳ миёни издиҳоми ба-чаҳо ӯ Илхонро диду аз вазъияти хона пурсон шуд, ки Илхон китфонашро ба ҳам фишурд: шояд хуб бошад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё