Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан
  1. БОҒИ МУАЛЛАҚ

Шаҳри Бобул (таҷдид).

Шоҳи пири Ошур (Ассурия) Ассурбанипал дар бистари марг рӯзҳои вопасини умрашро мешумурд. Аввал овозаҳо ва сипас хабари даҳшатноке расид, ки лашкари сершуморе бо сипоҳиёни далеру аспони тезтак ба сарзамини Ошури тавоною мағлубнапазир сар дароварда, истеҳкому қалъа ва саддҳои ҳарбиро паёпай мешикананд. Омирони лашкар, сарварони талоя ва ҷосусҳои худию бегона рӯз то рӯзу соат то соат аз даст рафтани деҳкадаву шаҳрҳои ободи кишвари паҳновари Ошурро хабар медоданд.

Сарвари ин ҷанговарони шуҷоъ яке аз бунёдгузорони сулолаи модҳо Киаксар буда, мувофиқи ахбори Ҳеродот «ӯ лашкари пайваста амалкунанда орост, онҳоро ба дастаҳои найзадорон, тирандозон ва саворон ҷудо намуд ва санъати ҷангии зайли барқ ҳамла оварданро ба кишвари душман омӯзонд».

Модҳо асли хешро ориёӣ шумурда, замонҳоеро ёдрас менамуданд, ки бо ҷумлаи ҳамнасабон дар диёри нимафсонавии ориёиҳо - «Аирйанам ваеҷаҳ» («Фарохнои Ориёно») андар соҳили дарёҳои Оксус (Омӯ) ва Яксарт (Сир) иқомат доштанд. Дар «Авесто» аз маҳалли сукунати қабилаҳои ориёӣ, аз ҷумла

пешина
аз 84
навбатӣ