Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

оромгоҳ ба 46 м мерасид ва масоҳати дарозиву бараш 77,5 х 66 м меомад. Ҷумлаи ороишоти оромгоҳ аз рӯи таносубу мавзуният сурат гирифта, чизе ба назар зиёдативу нодаркор намерасид.

Қисмати сеюми оромгоҳ - боми аҳромшаклро лор бисту чор зинаи мармарини сафед ороста буд, ки бар интиҳояш аробаи дучарҳаи ҷангӣ ва чаҳор аспи бодпову бадҳашм устувор гашта. Ва бинанда мепиндошт, ки ҳамин дам муҷассамаҳои Мавсолу Артемисия аз ҳалқаи шоҳсутунҳо раҳида, бар тахти холии аробаи бесоҳиб меши- нанду ба сӯи осмонҳо ва биҳишти афсонавӣ раҳсипор мегарданд...

Чор сол баъд аз марги Мавсол ҳамсари ӯ Артемисия низ дунёи фониро видоъ гуфт. Дарду андӯҳи гарон ва ишқу муҳаббати чунунвор ӯро аз думболи шавҳараш бурд. Ва меъморону ҳайкалтарошон боз чандин солҳо заҳмат кашида ин ёдгории беам- сол ва мӯъҷизаи нотакрори оламро ба сомон расонданд. Муаррихи юнонӣ Плиний аз ин бобат овардааст: «Пеш аз он ки корҳо анҷом пазиранд, малика Артемисия, ки ба хотираи шавҳараш ин иморатро бунёд мекард, фавтид. Вале касе аз бунёдгарон ин иморатро тарк накарданд ва онро осори санъату ҳосили заҳмати гарони хеш пин- дошта, кори ба зимаашон бударо сарбаландона анҷом доданд. То имрӯз мӯъҷизаи дасти онҳо пойдору бобақо аст ва шӯраташонро ба арсаи олам мебарад».

Ҳаждаҳ аср ин ёдгории беамсол барҷо буд ва зиёратгарони билодҳои Машриқу Мағрибро бо тимсоли мӯъҷизавиаш ба ҳайрат меафканд. Ибтидои асри 15 ҳангоми тохтутози аҳли салиб Оромгоҳи Мавсол сахт осеб дид. Мӯътақидони равияи нави дини насронӣ дар харобаҳои шаҳри Ҳаликарнас ба бунёд кардани қалъаи дастнораси ҳазрати Пётр пардохтанд ва шоҳсутуну ҳайкалҳои гаронбаҳои Оромгоҳи Мавсолро ба сифати масолеҳи сохтмон ба кор бурданд. Оромгоҳ саросар гирифтори харобию ғорати аҷнабиён гашт. Соли 1522 туркҳои усмонӣ мӯътақидони аҳли салибро танг карда, ҳам қалъаи Пётр ва ҳам боқимондаи Оромгоҳро яксони хок намуданд.

Ҳамин тариқ боз як мӯъҷизаи олам аз асари тохтутоз ва ҷангу чидолҳои мазҳабӣ, аз асари ҳангомаву ғоратгариҳои бераҳмона абадан нест шуд ва ба ҷои Оромгоҳи нотакрор як доғи нангине дар сафҳаи таърихи башар монд. Вале номи Мавсол ва оромгоҳи ӯ чун рамзи мақбараи ёдгорӣ дар шакли Мавзолей шуҳраи офоқ гардид.

пешина
аз 84
навбатӣ