Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Калликрат ва Иктин шурӯъ намуда буданд. Мувофиқи маълумоти Плутарх ҳангоми дар сари ҳукумати Афина қарор доштани Перикл азнавсозӣ, таъмиру тармим ва ободонии шаҳр хеле вусъат ёфта, иморатҳои бузург ва иншоотҳои беназир бунёд мешуданд. Аз ин лиҳоз бо тавсия ва пуштибонии Перикл барои тезонидани иморати маъбади Парфенони Афина ва дигар иншоотҳои шаҳр Фидий сарвари умумии меъморому муҳандисони Афина интихоб гардид. Ҳам сокинони шаҳри Афина ва ҳам меъморому ҳайкалтарошон орзу доштанд, ки маъбади офаридаи онҳо аз Парфенони мӯъҷизаосои шаҳри Эфеси Осиёи Сағир мӯҳташаму бошукӯҳтар барояду ҳайкали олиҳа Афина аз муҷассамаи Артемида зеботару ҳайратангезтар бошад.
Оқибат, баъди чандин соли заҳматҳои тӯлонӣ маъбади Парфенон ва ҳайкали мӯъҷизаосои дувоздаҳметраи олиҳа Афинаи Парфенос қомат афрохту ҳафтае баъд аз ташрифи саррӯҳони маросими кушодан ва боздиди муҷассамаи Афина оғоз ёфт. Ашрофону аҳли дарбор, соҳибнасабону тоҷирон, сиёсатмадору нотиқон, воизону шаҳрвандон, хуллас ҷумлаи маснаднишиному сокиони озоди Афина ва кишварҳои ҳамсоя дар ин маросим ҳозир омаданд.
Фарози Акропол — бошишгоҳи муқаддаси худоёну эзидони
Вайронаҳои маъбади Парфенон дар Афинаи Юнон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё