Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Афина, ки аз ҳуҷуми пайдарпайи форсҳо, алалхусус лашкаркашиҳои шоҳаншоҳони Ҳахоманишӣ - Дорои I, Ҳашиёршоҳ, Ардашери I ва набардҳои шадиди чандин даҳсола харобу валангор гашта буд, он рӯз хаёле умри дубора ёфт. Пешвои гурӯҳи демократҳо ва сарфармондеҳи шаҳри Афина - Перикл, ки дӯсти қадрдон ва ҳомии Фидий буд, дар иҳотаи соҳибмансабону аҳли дарбор, рӯҳониёну ҳакимон ва шоирону муғанниёни беҳамто истода, ҳунари нотакрори Фидийро ситоиш

Акрополи Афина (таҷдид).

мекард. Охир, бунёдшавии дубораи Акропол маҳз бо сарварии Фидий оғоз ёфт, ӯ нозири сохтмон ва ҷонишини дараҷаи аввали Перикл дар бахши тармиму навсозии Акропол ва шаҳри Афина буд. Маҳз бо амри ӯ маъбадҳои вайронаву нимвайронаи фарози Акропол ба хок яксон шуд, ҳайкалу нимҳайкалҳои шикастаи худуён сарнагун афтод, муҷАССАМАҲОИ сӯхтаву нимсӯхтаи олиҳаву эзидон чун маводи пойдевори маъбадҳои оянда ба кор рафт. Рӯҳониён чандин бор эътироз карданд, мӯътакидон бо хашму ғазаб арзу додхоҳӣ намуданд, вале Перикл ба ҳукму эътибори хеш тақя карда, ҷони Фидийро мехарид. Сарвари дурандеш мехост шаҳри Афина на танҳо дар кишвари Эллада, балки дар саросари олам шӯҳрати овоза ёбад.

пешина
аз 84
навбатӣ