Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

алалхусус аз аҳромҳои мӯҳташами Мисри қадим ва Абулҳавли бузургу побарҷои он ҳикоятҳои ҳайратоваре мекарданд. Аз нақли онҳо бармеомад, ки ин аҳромҳоро фиръавнҳои гузашта ба шарафи худои офтоб - Амон-Ра бунёд намуда, бо ин ёдгории безавол мақому мартаба ва шукӯҳу шаҳомати худои хешро пос доштаанд.

Овозаи Боғи муаллақи Бобул аз Бобулистон, Маъбади Артемида аз шаҳри Эфес ва Оромгоҳи Мавсол аз шаҳри Галикарнаси Осиёи Сағир то ҷазираи Родос расида, майлу ҳаваси бунёд намудани як ёдгории беамсолро ба шарафи худои офтоб - Гелиос дар замири мардуми ин сарзамин кайҳо боз мепарварид. Ҳарчанд дар хиёбону гулгаштҳои шаҳри Родос ба шарафи Гелиос чандин ҳайкалҳои мӯҳташам гузошта, ибодатхонаҳои бошукӯҳ сохта бошанд ҳам, боз барафрохтани ҳайкали бузурги бемислу монанд, ҳайратангез ва мӯъҷизаосои худои офтобро орзу доштанд.

Вале ҳукми таърих ба муроду хоҳиши сокинони Родос мувофиқ намеомад. Ин ҷазираи хурдакак дар миёни давлати абарқудрати Ҳаҳоманишиён ва давлатҳои Юнонзамин, ки халиҷҳои муҳимтарин, бандарҳои бузурги тиҷоратӣ ва роҳҳои асосии киштигарди баҳри Миёназаминро зери васояти худ доштан мехостанд, радду бадал шуда, истиқлолияти комилро ба даст оварда наметавонист. Ин муборизаи ошкору ниҳон чандин даҳсолаҳо идома ёфта, оқибат дар аҳди лашкаркашиҳои Искандари Мақдунӣ ба сарзамини Порс ҷазираи Родос чун мавқеи муҳими стратегию тиҷоратӣ комилан ба ихтиёри империяи навхези Мақдуниён гузашт.

Аз рӯи маълумоти муаррихи юнонӣ Диодор дар ҷазираи Родос гарнизони ҳарбӣ ва киштиҳои тиҷоратию ҷангии мақдуниён ҷойгир буда, назорату нигаҳбонӣ ва бехатарии бандарҳо ва самтҳои киштигарди ҳудуди баҳри Эгейро ба уҳда доштанд.
Аммо баъди марги Искандари Мақдунӣ мардуми озодманиш ва ватанпарасти Родос сарбозони мақдуниро аз сарзамини худ ронда, дар талошу муборизаҳои қудратталабонаи сарлашкарони ӯ мавқеи бетарафиро ишғол намуданд.

Азбаски Родос дар давраи лашкаркашиҳои Искандари
Мақдунӣ яке аз марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва савдои Баҳри
Миёназамин буд, баъди соҳиб шудан ба истиқлолият сиёсати бетарафиро

пешина
аз 84
навбатӣ