Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

пеш бурда, робитаҳои тиҷоратиро бо Миср, нимҷазираи Арабистон ва дигар мамлакатҳои аврупоии канори Баҳри Миёназамин вусъат бахшиданд. Мувофиқи ахбори Полибий Родос соли 306 то мелод бо Рим иттифоқи тиҷоратӣ баста, ба яке аз кишварҳои бой ва дорои мавқеи муҳими стратегию киштигардии баҳри Миёназамин табдил ёфт. Аз ин рӯ чандин лашкаркашони тавоно ва ворисони давлати парокандашудаи Искандари Макдунӣ - Антигони Якчашма ва писараш Деметрий, Селевк ва писараш Антиох, Антипатр ва писараш Кассандр, Птолемей Лаг, Лисимах, Евмен ва дигарон кӯшиданд, ки қаламрави ҳукмронии худро вусъат бахшида, афзалияти киштиронӣ, марказҳои бузурги тиҷоратӣ ва мавқеъҳои муҳими стратегиро ба даст дароранд.

Императори Миср Птолемей Лаг, ки сиёсатмадори зирак ва лашкаркаши дурандеш буд, мавқеи муносиби бандарҳои киштигардии Мисрро ба назар гирифта, бо ҷазираи Родос созишномаи тиҷоратӣ баст ва нуфузи худро беш аз пеш дар Баҳри Миёназамин афзуд. Ин созишнома қабл аз ҳама ба манфиати рақиби деринаи Птолемей - Антигони Якчашма мухолиф буда, мавқеи ӯро дар Баҳри Миёназамин халалдор мекард. Бинобар ин Антигони Якчашма ба писараш Деметрий амр дод, ки ҷазираи Родосро

Птолемей Лаг.

муҳосира намуда, шартномаи онҳоро бо Миср бекор кунад ва иқтидору боигарии Родосро чун иттифоқчии нави ҳарбӣ ба муқобили Птолемей Лаг равона созад.

Тобистони соли 305 то мелод Деметрий бо лашкари 40 ҳазор нафараи ҷангозмуда ба ҷазираи Родос омада, шаҳрро муҳосира намуд. Деметрий ба ҳайати лашкараш аз ҷазираҳои наздиктарин сарбозони кироя ва роҳзанҳои баҳриро ҷалб намуда, барои фатҳи шаҳри Родос

пешина
аз 84
навбатӣ