Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ФарҳангТаърих
Аз аввал хондан

дар даромадгоҳи бандари шаҳри Родос дар майдони васеи Дигма сохтани ҳайкали бузургу беҳамтои Колос оғоз ёфт. Аз рӯи шаҳодати муаррихону воқеанигорони аҳди қадим Хорес дар бунёд намудани муҷАССАМА аз усули анъанавии об карда рехтани фулузот даст кашида, аз ғояти бузургии ҳайкал ва мушкилу номумкин будани якбора гудохтани даҳҳо тонна хӯлаи биринҷӣ, ба усули нав рӯ овард. Ӯ аввал тарҳи муҷАССАМАРО баробари қади инсон сохта, офаридани ҳар як узви баданро, аз пойҳо сар карда то сари он, аз лиҳози бандубасти меъморию техникӣ муқаррар намуд. Сипас пойи ҳайкалро дар байни хиёбони Дигма, ки миёни соҳили баҳр ва девори қалъаи шаҳр воқеъ буд, бунёд намуда, ба сохтани муҷАССАМАИ мӯҳташами Колоси Родосӣ шурӯъ кард.

Хорес ба хотири мустаҳкаму бегазанд сохтани ҳайкал аввал ду санги бузургу сутунмонандро аз асоси пойҳо то таги китф устувор гузошта, сипас тавассути чандин сангҳои васатӣ (аз қафаси сина то думгоза) он ду санги сутунмонандро бо часпакҳову мехҳои оҳанин васл намуд. Сангҳои васатӣ ва чанбараҳои каме қатшудаи оҳанин асоси қабурғаҳою сандуки синаро ташкил дода, манзараи умумии бандубасти устухонҳои пой, устухонҳои

Аз миёни ду пойи бузурги Колос киштиҳо мегузаштанд.

пешина
аз 84
навбатӣ