Зеҳн
Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа

ТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

кос ва сандуқи сина падид омад.

Ниҳоят сохтани ҳайкал аз панҷаҳову пошнаи пой сар карда то зону оғоз ёфт. Ҳангоми бунёд намудани ҳайкал Хорес водор мешуд, ки баробари ба инобат гирифтани унсурҳои санъати ҳайкалтарошию меъморӣ, инчунин мушкилоти техникӣ, аз ҷумлаи об кардани фулузот, сохтани қолаб, ба боло кашондану рехтани маводи гудохтаро ҳал намояд. Бинобар ин ӯ усули комилан нави сохтани ҳайкалро пеш гирифта, баъди устувор намудани қолаби пойҳои муҷассама ба давродаври он хок кашонида, теппачаи сунъиеро падид овард. Ин усул имкон медод, ки баробари баланд шудани теппача мушкилоти боркашонӣ хеле осон гардида, сохтани қолаби навбатии муҷассама ва рехтани хӯлаи гудохтаи биринҷӣ бемамоният пеш равад. Ба хотири осеб надодани ҳайкал гирди қолабро тахтабанд намуда, сипас хок мекашониданд у аз баландии маводи гудохтаро мерехтанд. Ҳамин тариқ дар гирди муҷассамаи Колоси Родосӣ як хоктеҳпаи баланди сунъие қомат меафрохт, ки аз дур ба назар чун теппаи табиӣ менамуд.

Ҳанӯз субҳ надамида, дар домани ин хоктеҳпа ҳазорҳо одамон корро оғоз мекарданд. Таҳти васояти корфармоёну роҳбарони дастаҳо қатори ҳаммолону боркашон сабадҳои пур аз хок бар дӯш аз домани теппа ба тори он хок мекашониданд. Меъморону қолабсозон, фулузгудозону рехтагарон, оҳантарошу ҳайкалрезон - хуллас устодони даҳҳо пешаҳои мухталиф аз субҳи содиқ то шоми тор заҳмат мекашиданд, ки ин муҷассамаи мӯъҷизаосоро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Вале мушкилии кор боз дар он буд, ки баробари баланд шудани хоктеҳпа қисми узвҳои поёнии муҷассама дар зери хок монда, дигар имкони дидан, қиёс намудан ва андоза гирифтан номумкин мегашт. Аз ин лиҳоз Хорес қабл аз сохтани ҳар як узви навбатии онро даҳҳо маротиба чену бар намуда, бо нусхаи баробари қади одам офарида-аш муқоиса мекард, то дар бандубасти пайкараи умумии муҷассама нуқсоне роҳ наёбад.

Оқибат баъди дувоздаҳ соли заҳматҳои гарон тақрибан соли 288 қабл аз мелод сохтани муҷассамаи Колоси Родосӣ ба интиҳо расида, берун аз қабати хок танҳо сари бузург ва тоҷи нурафшони ӯ намоён буду бас. Овозаи сохтани ин ҳайкали мӯҳташам ба ҳама кунчу канори дуру наздики Баҳри Миёназамин расида, ода-

пешина
аз 84
навбатӣ