Ҳафт мӯъҷизаи олам

Китоб ба таърих ва тавсифи ҳафт мӯъҷизаи машҳури ҷаҳони қадим бахшида шудааст. Он дар бораи иншоотҳои бузурги меъморӣ ва таърихи ба вуҷуд омадани онҳо маълумот медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 84 саҳифа
Муҷассамаи бузурги Колосси Родосӣ.
одамони зиёде фурсати анҷомёбии онро интизорӣ мекашиданд. Бо супориши Хорес болои муҷассамаро бо матоъ пӯшонида, хоктеппаи атрофи онро ба соҳили баҳр ва гӯшаҳои хиёбон кашонида, соҳилро ба шакли зинаҳои васеи мармарин оро доданд. Поғундаҳои мармарин то лаби баҳр расида, мебоист мусофирони омадаро истиқбол мегирифт ва баробари боло шудан аз ҳар зинаи навбатӣ шукӯҳу шаҳомати муҷассамаро дар чашми онҳо ҷилвагар месохт.
Ниҳоят пас аз интизориҳои тӯлонӣ рӯзи кушодани муҷассамаи Колосси Родосӣ фаро расид. Хушҳолии сокинони ҷазираи Родос ва меҳмонони омада интиҳо надошт. Дар дами субҳ баробари тулӯи офтоб аз болои муҷассама матоъро бардоштанд. Шӯълаҳои офтоби саҳар ба тоҷи нурафшон ва андоми зебои муҷассама афтода, ба ҷозибаи нотакрораш ҳусну зебоӣ меафзуд. Ҳайкал тарзе ҷой гирифта буд, ки ҳам аз ҷониби баҳри дурудур ва ҳам аз ҷониби шаҳри Родос басо мӯҳташаму босалобат намуда, аз ҳар ду самт андомаш ба пуррагӣ метофт. Баъзе тамошобинон монандии рӯи муҷассамаро ба симои Искандари Мақдунӣ қайд намуда, далеле меоварданд, ки Хорес шогирди беҳтарини Лисипп буда, ҳангоми ҳайкалҳои машҳури Искандарро сохтани устодаш аз ӯ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё