Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
намунаи олии шуҷоату далерӣ нишон медиҳад ва барои ин ба ордени Шараф дараҷаи II сарфароз мешавад.
Ҳуҷҷатҳои архив бори дигар аз ҷонбозиҳои сарбози арзандаи Ватан Нищев Иосиф Ильич далолат мекунанд. Яке аз сарбозони қисме, ки дар он Нищев адои хизмат мекард, дар бораи лаҳзаҳои ҷангӣ ва шахсияти парторги қисм — Нищев чунин менависад:
«Парторг Нищев супориши ҷангиро чунон содда ва боварибахш баён кард, ки ҳар яке мо дар бораи қувваи душман маълумоти аниқ гирифтем ва ба ҳама аён гашт, ки бо кадом васила набошад, деҳа ҳатман ба даст дароварда шавад».
Дар даромади деҳаи Мальнови соҳили ғарбии Одер муҳорибаи шадиде ба вуқӯъ меояд. Дар ибтидои ҷанг командири взвод аз тири фашистон сахт захмдор мегардад. Вазъи басо пурхатаре таҳдид мекард. Ин дам Нищев дарҳол роҳбарии взводро ба ӯҳда мегирад. Ҷанги хунине сар мезанад. Чор гранатаи паёпаи нишонраси Нищев пулемӯти душманро хомӯш мегардонад ва взвод ба деҳа роҳ меёбад...
Дар ин бора дар ҳуҷҷати Архиви Вазорати Мудофиаи СССР сатрҳои зер сабт шуданд:
«Ҳангоми рахнаи мудофиаи чандинвақтаи фашистон ҷанги хунине сар зад. Дар соҳили ғарбии дарёи Одер аз 17-ум то 24-уми апрели соли 1945 барои қишлоқҳои Мальнов, Дебберин ва ғайраҳо Нищев Иосиф Ильич бо оташи снайпер 25 солдати немисро нест карда, се пулемёти дастиро ғанимат гирифт. 20 апрел дар муҳорибаҳо ӯ вазифаи командири взводро ба ӯҳда гирифта, супориши дар назди взвод гузошташударо бошарафона иҷро намуд»1.
Командири полк подполковники гвардия дар тав-
1 Архиви марказии Вазорати Мудофиаи СССР, ф. 33, р. 564521, д. 175. в. 44.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё