Сарбозони шуҷоъ

Китоб дар бораи қаҳрамонию шуҷоати сарбозон дар солҳои ҷанг нақл мекунад. Дар он роҷеъ ба хидмати барҷастаи ҳарбӣ маълумот дода мешавад.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 139 саҳифа
Сиёномааш хоҳиш менамояд, ки Иосиф Ильич Нищев бо мукофоти ҳукуматӣ тақдир карда шавад.
15 майи соли 1946 Президиуми Совети Олии СССР Нищев Иосиф Ильичро бо ордени Шараф дараҷаи I сарфароз мегардонад.
Ҳамин тариқ, фиристодаи ноҳияи Ашти вилояти Ленинобод Иосиф Ильич ҷанг, хизмати халқу Ватанро бо сарбаландӣ адо намуда, боз ба посёлкаи Адрасмон бармегардад. Вай чанд муддат дар сохтмонҳои ин ҷо кор мекунад. Вале ӯ дар Адрасмон дер истода наметавонад, зеро ба ҳамяроқони украинавиаш ваъда дода буд, ки назди онҳо кӯчида меояд.
Соли 1953 Иосиф Ильич бо аҳли оилааш ба шаҳри Кривой Роги вилояти Днепропетровск кӯчида меравад. Вай солҳо дар комбинати хонасозии он ҷо машғули меҳнати пурмаҳсул буд. Барои меҳнати софдилонааш дар арсаи меҳнат ӯ бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат сарфароз гардонда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё