Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
— Ин тавр бошад, гардиш мекунем?
Наҷот кӯзаи пуробро аз дасти апааш гирифта ба чодирашон бурд. Мо оҳиста-оҳиста лаб-лаби рӯдаки Обишир боло рафтем.
— Туро имшаб сарзаниш карданд?
— Фол дидӣ-чӣ, лӯлидухтар?
— Ин ҳунар аз дасти ман намеояд, ҳарчанд ки набераи Нозуки фолбин ҳастам.
— Нозуки фолбин гуфтӣ?
— Бале. Фолбинӣ касби азалии ҷӯгиён аст. Зеро аз паси ин ҳунар сабаби зиндагӣ 107 ба даст меояд. Аммо фолбинии Нозук барои дарёфти молу пул набуд. Вай худоНазаркардае буд. Фолаш доимо рост мебаромад. Дар суроғаш мардум деҳ ба деҳу шаҳр ба шаҳр мегаштанд.
— Ман дар бораи он фолбини машҳур аз модаркалонам шунидаам. Пас ту набераи Нозук ҳастӣ. Қавми шумо солҳои ҷанги Гирмон чанде дар Сӯх сокин буданд, медонӣ? Модаркалонат аслан лӯлӣ набуд, медонӣ?
Истам ба манои тааҷҷуб китф дарҳам кашид. Мазмун, намедонистааст. Лӯлиён пинҳон медоштаанд, аз афти ҳол.
«Замоне дар як рустои тоҷикнишин Исмоил ном марде зиндагӣ мекард. Вай марди тануманд, чашму абрусиёҳ ва ҳунарманд, дар айни ҳол ниҳоят бадқаҳр буд. Аз ин рӯ, бо ин ҳама сурати зебо дар назар шахси зиште менамуд. Хусусан, бачаҳо ӯро беҳад бад медиданд. Ба боғу токзори Пурбораш даст намезаданд. Зеро аз ӯ ҳар чизро интизор шудан мумкин буд. Ҳатто, сагу пишакҳо аз тавораи ҳотааш ҳаққи гузаштан надоштанд!
Он тобистон ҳам боғу киштзори Исмоил нашъунамо дошт. Ҳамин ки пӯсти харбуза ба замин афтид, ба Такоб чун ҳарвақта ҷӯгиён чодир заданд. Чӣ мегӯед, ки чашми калонсолонро хато карда ҷӯгибачае аз шигдевори Исмоили бадҳӯ ба дарахти себи чавпазак часпидааст. Бечораро ачал пеш карда оварда будааст, вагарна кӯчиёни калонсол
107 Сабаби зиндагӣ, яъне, ризқу рӯзӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё