Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ҳаргиз ба ин худдонамӣ роҳ намедоданд. Ба онҳо феъли Исмоил маълум буд, охир.
Эҳ-хе, он бегоҳ дар русто қиёмат қоим шуд. Ҷӯгиён мӯру малах барин зер карда омаданд. Доду гирев, оҳу фиғон ба фалак дакка зад. Кас намедонист, ки соҳиби мурда кист. Ҳама гӯиё падару модар ва хоҳару додарони маит буданд. Яктаниву якҷонии қабиларо дида, аҳли деҳ гиребон доштанд. Ҳис карданд, ки пеши ин мардуми ба ғазабомада оқизанд, ноилоҷ пири тадбиркори деҳаро бо таваллою зорӣ назди кӯчиён оварданд, то аз ҳуҷуми фалокатовар амон ёбанд. Пири деҳа мусибатдоронро ба бурдбориву оромӣ даъват кард, аммо ҳамоно саллааш аз каллааш парид. Мӯйсафед фаҳмид, ки ба кори нашудание доварӣ кардааст. Ва ноилоҷ гуфт:
— Ман аз номи аҳли деҳа ваъда медиҳам, ки ҳар қадаре ки мехоҳед, хунбаҳоятонро медиҳем. Фикр кунед, бародарон, марг ҳақ аст ва мурда дигар зинда намешавад. Илоҷи дигар нест...
— Мо мурда намефурӯшем!!!— пирамардро дигар гап задан намонданд онҳо,— Қасд мегирем! Хун бар хун! Ҷон бар ҷон! Исмоили хунхор фарзандашро барорад.
Пири соҳибназар чӣ кор карданашро намедонист. Тӯдаи ҷӯгиён лаҳза ба лаҳза меафзуд. Деҳаро хавф таҳдид мекард. Ногаҳон Исмоил духтарчаи панҷсолаи худро пешандоз карда баромад. Ҳама моту мабҳут шуданд. Аз ҳавлӣ фарёди ҷонкоҳи зани Исмоил шунида шуд. Ришсафед дасти духтарчаро ба дасти модари маит дод. Тӯда ақиб гашт. Субҳи дигар дар Такоб чодире ненамуд. Ҷӯгиён фирор карда буданд.
Пас аз чандин сол дар ин тактак ба Нозук-ҷӯгии фолбин касе баробарӣ намекард. Вай ҳамон духтараки гаравии Исмоили бадхӯ буд, ки лӯлиён ба чашму абруи сиёҳ ва қадду қомати чун сарв базебаш муносиб Нозук ном карда буданд. Вале ӯ аллакай аслу насабашро намедонист, «тоҷик будан»-ро ба шаънаш таҳқир меҳисобид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё