Зеҳн
Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Марямбонуи Фарғонӣ

– Агар писаракон кам бошанд, дар ҷангбозӣ духтаронро ҳам шарик мегиранд.

Духтарбача оташгиракро гирифта, сӯйи модаркалон рост мекунаду «та-та-та»-гӯён «тир мепаронад». Кампир кӯдаквор худро ба рахти хоб мепартояд ва забонашро аз даҳон бароварда «мемирад». Нордона бозавқ механдад.

Вале имрӯз модаркалон мисли онрӯза «намемирад». Дақиқан, ӯ бо аҷал бозӣ намекунад. Ҳама ба расидани марги ӯ, ки доимо миёни чашму абруяш маътал меистад, бовар доранд. Аз ин рӯ, ғам мехӯранду оби дида мерезанд. Вале Нордона бовар кардан намехоҳад, ки бибиаш, ҳамин бибиҷонаш, ки шарики бозиву нозбардори ҳамешагии ӯст, мемурда бошад. Дигар ин ки модаркалон он рӯз тарзи мурданро нишон дода буд. Мебоист ҳамон зайл забони мурда аз даҳонаш барояд. Аммо ҳозир бибӣ мисли тифл механдаду зери лаб мегӯяд: «Нордона, омадӣ? Биё, ки ба банди чигарам зер кунам.»

Духтарак бо шунидани номи худаш далертар шуда, пеш меравад, вале кампири ҳамсоя аз дасти ӯ медорад.

– Берун баро, духтарам.

– Бибиам маро чеғ мезананд...

– Туро не, Нордонайи худашро мепурсад.

– Ун кас Нордонайи дигар надоранд.

– Ун Нордона соҳиби номи ту буд.

– Не, ман соҳиби номи худам ҳастам, фақат худам.

Духтарча сари болини модаркалон мешинаду даст ба пешонии ӯ мегузорад.

– Бибиҷон, ман омадам. Чашмонатона кушоед.

Вале кампир номи дигар касро мегирад.

– Ҷалилҷон, ин туӣ... Пазмон шуда будам. Эҳ Худоё... Хайрият ин рӯз расид. Шукр... Ман... Ман ҳозир. Оҳ-ҳо, шумо, ки ҳама сарҷамъ омадаед... Биёед, биёед. Не-е... Чиба тарсам? Ман тайёр. Ман ҳамеша тайёр будам. Апаи Саидабону, апаи Бегимбону... Ақаҷонам, акаи Мирмӯъминам, оҳ!..

Кампиракон ҳама ба якдигар нигоҳи маънидор меафкананд ва лаб мегазанд. Бибиҷони Нордона киҳоро ном

пешина
аз 208
навбатӣ