Садои зангӯлаҳо

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳои шоира Марямбонуи Фарғонӣ мебошад. Дар он ашъори лирикӣ ва иҷтимоӣ гирд оварда шудаанд, ки рӯҳияи замона ва эҳсосоти дарунии инсонро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 10 октябри 2026 · 208 саҳифа
ШеърАдабиёт
Аз аввал хонданмегирад? Охир, дар хона бо номи Саидабонуву Бегимбону касе нест. Ҷалилҷон мегӯяд, акаи Мирмуъминаш кист? Дар ин ҷо ягон мард нест.
- Бибиҷон!
Вале модаркалон ӯро намешунавад. - Ҷонсерак накун, - яке аз кампирон, ки Бибихосият ном дорад, Нордонаро бардошта берун баровардан мехоҳад. Кӯдак дасту почак мезанад.
- Бибиҷон!!!
Ӯро аз дасти Бибихосият модараш мегирад ва берун бароварданӣ мешавад. Нордона муқовимат мекунад, паҳлудариро бо ду даст дошта намегузорад, ки модар берунаш барад. - Ло илоҳа иллаллоҳ, Муҳаммадан расулуллоҳ! - отунбибӣ, ки сари болини нотоб менишаст, калимаи шаҳодат гардондан мегирад. Модари Нордона беҳолу бемадор дар бӯсагоҳи110 хона ба девор такя мезанад. Тифли гирён дам ба дарун мекашад. Дар фазои хона овози каме гирифтаи отун ба парвоз медарояд. Ҳарчанд овози кампири банур хаста аст, лекин лаҳни кашишдораш бисёр рӯҳнавоз. Нордона аз канори модар ҷудо шуда, ба як гӯшаи пӯстаки лаби оташдон дар таклиди дигарон худро дарҳам кашида мешинад ва чашм сӯйи бемор медӯзад.
- Ло илоҳа...
Аз даҳони отун овоз ба сони нур мебарояд. Аҷаб, ки ин нур ҳалқа-ҳалқа шино мекунад. Фазои хона муҷалло мегардад. Ҳалқаҳои рахшон гирди сари модаркалон ба рақс медароянд. Лабханди модаркалон ба табассуми кӯдаки ширхора монандӣ дорад. Дигар чину ожанги рухсорагонаш ба назар намерасанд. Даҳони бедандонаш нимвост ба мисли даҳони бедандони тифли ширбӯй.
Во аҷабо! Ин ҳалқаҳои рахшон, ки сабук-сабук печу тоб мехӯранд, оҳиста-оҳиста шакл дигар мекунанд. Батадриҷ фазои манзил аз сурати одамони хушҳолу хушрӯй пур мегардад. Чашмони бибӣ калон-калон боз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё